Аз меҳмоннавозию ҳамдилӣ то мушкили кирокашӣ дар Душанбе. Бардошти эрониён аз сафар ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон бошукуҳ ва бо ҳузури ҳазорон сайёҳи хориҷӣ таҷлил гардид. Махсусан, баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эрониён, ки ба навиштаи аксар манбаъҳо теъдодашон беш аз ду ҳазор буд, барои дидани шеваи таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон омаданд.

Азия-Плюс бо чанде аз гардишгарони эронӣ суҳбат кард ва таассуроту бардошти онҳоро аз кайфияти таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон гирд овард.

 

Иттиҳоду ҳамдилӣ

Гардишгароне, ки бо мо суҳбат карданд, аз ҳузурашон дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ карда, гуфтанд, Наврӯз дар Тоҷикистон хеле мутафовит аз Эрон ва ҷолиб таҷлил мегардад.

Ноҳид Шаҳобӣ, дабири адабиёт дар яке аз коллеҷҳои Эрон гуфт, бори аввал аст, ки дар Наврӯзи Тоҷикистон ҳузур дорад ва ширкат дар барномаҳои наврӯзии тоҷикон орзуи чандинсолааш буд. Ӯ мегӯяд, барояш аз ҳама муҳим дидани иттифоқу ҳамдилӣ байни мардуми тоҷик дар ҷашнҳо аст.

“Ин ҳамдилию иттиҳод, ба назари ман, боис мешавад, ки агар мушкиле ё буҳроне дар мамлакат пеш ояд, барои бартараф кардани он ҳама бо ҳам ҳамдил мешаванд ва ин хеле чизи муҳиммест барои як миллат”, – изҳор кард ин сайёҳи эронӣ.

Ӯ мегӯяд, маросими истиқболи Наврӯз соати 4-и субҳ дар нуқтаи баландтарини шаҳр ва афрӯхтани гулхану оростани базм ба маросими “Чаҳоршанбеи сурӣ”, ки чаҳоршанбеи охири пеш аз Наврӯз дар Эрон баргузор мешавад, шабеҳ аст. Аммо бо вуҷуди ин, маликаи наврӯзиву баргузории барномаҳои зиёди оммавӣ баъди истиқболи Наврӯз аз нуктаҳои мутафовити шеваи таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистонанд.

 

Гардишгари дигаре бо номи Ораш, ки эронии феълан муқими Олмон аст, мегӯяд, таҷлили Наврӯзро дар Эрону Олмон таҷриба карда буд ва баъди шунидани таърифи шеваи таҷлили он дар Тоҷикистон бо дӯстонаш қарор карданд, ки Наврӯзро дар Тоҷикистон имтиҳон кунанд. Ӯ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва фарҳанги болои онҳо таъриф карда, гуфт, “Наврӯзи воқеиро дар Тоҷикистон дид”.

Гардишгари дигаре аз ин кишвар гуфт, оростани суфраи наврӯзӣ дар Тоҷикистон ба шакли дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Эрон танҳо “Ҳафт син” вуҷуд дорад, ки ба он моҳии қирмиз ва соат изофа мешавад, аммо дар Тоҷикистон ҳафт шину ҳафт мим ҳам буда, шеваи оростани дастархон ва тарзи пухтани нон ба таври дигар аст.

Бархе аз гардишгарони эронӣ гуфтанд, ки таҳти таъсири таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна инъикос гардид?

Наврӯзи Тоҷикистон имсол аз ҷониби гардишгарону “блогер”-они эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври бесобиқа инъикос шуд. Аз ҷумла, Нико Нексифат ва Ҳуссейн, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз миллион пайрав доранд, имсол аз тамоми чорабиниҳои  наврӯзӣ дар Душанбе ба бинандагонашон навор пахш карданд.

Махсусан, оростани суфраи наврӯзӣ дар чорабиниҳо аз ҷониби маҳаллиён ва пешкаши он ба меҳмонону шаҳрвандон, ҳамчунин бо либосҳои зебои идона даври ҳам рақсу бозӣ кардани духтарону писарон қобили таваҷҷуҳи онҳо будааст.

 

Яке аз гардишгарон мегӯяд, аслан интизор надошт, ки бо чунин кишваре мувозиб шавад, ҳам аз назари фарҳанги мардумаш, ҳам аз назари навъи бархӯрди мардум бо гардишгароне, ки меоянд. Ӯ мегӯяд, “воқеан пазироии бисёр хубе буд ва мардум хеле меҳрубон ва шод буданд”.

“Вақте ки инҷо омадем, ҳисси ғурбат надоштем ва аз он ки фарҳанги форсиро хеле хуб нигоҳ доштаед, хеле мутаассирем”, – гуфт эронии дигаре.

Аксари онҳо дар ин рӯзҳо ба қалъаи Ҳисору дигар мавзеъҳои сайёҳиву таърихии Тоҷикистон ташриф оварда, либоси миллии тоҷикона ба бар карда, аксу навор гирифта дар саҳифаҳои худ пахш кардаанд.

 

Мушкили кирокашону ҳоҷатхона

Бо омадани сайёҳони зиёд чанд мушкили кӯҳнаи пойтахт рӯ зад. Аз ҷумла, кирокашонии номуназзам ва муносибати дағалу талаби ҳаққи зиёд барои хидматрасонӣ бори дигар расонаӣ шуд. Сайёҳи эроние ба пулиси гардишгарии пойтахт дар бораи муносибати дағал ва талаби ҳаққи зиёди роҳкиро муроҷиат кард ва пулис ин кирокашро боздошт намуд. Гардишгарон аз хадамоти пулис изҳори миннатдорӣ низ карданд. Қаблан низ сайёҳон ва сокинони пойтахт аз хадамоти кирокашонӣ дар Тоҷикистон борҳо интиқод карда буданд. Махсусан гуфта мешуд, ки онҳо аз ноогоҳии сайёҳон, ки бо Тоҷикистон хуб ошно нестанд, сӯистифода мекунанд.

 

Мушкили дигаре, ки эрониён дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд, ин дар ҳолати нигаронкунанда қарор доштани ҳоҷатхонаҳо буд. Дар наворҳо дида мешуд, ки ҳоҷатхонаҳо хеле ифлос буданд ва эрониён аз ин интиқод мекарданд. Аммо зикр бояд кард, ки ин навор пештар сабт шудааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки навор аз кадом минтақаи кишвар бардошта шудааст.

Бояд гуфт, ки мушкили ҳоҷатхонаҳои ҷамътиятӣ дар кишвар солҳо инҷониб аз ҷониби худи сокинон интиқод мешавад ва аксари мардум аз набудани ҳоҷатхонаҳои тамизу муносиб, ҳатто дар шаҳрҳои бузурги кишвар изҳори нигаронӣ мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...