Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

То муноқишаҳои сарҳадӣ дар солҳои 2021 ва 2022 ва баста шудани сарҳад, имкони сафар аз Тоҷикистон ба Қирғизистон тавассути ҳавопаймо ва нақлиёти заминӣ мавҷуд буд. Шаҳрвандон аз Душанбе ба Бишкек тавассути ҳавопаймо ва аз панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ тавассути нақлиёти заминӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар мекарданд. Ҳамчунин, мошинҳои боркаш ҳам тариқи ин гузаргоҳҳо ба боркашонӣ машғул буданд.

Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи оид ба сарҳад имзо шуд ва зимни мулоқоти раисони ду ҷумҳур дар кишвари ҳамсоя эълон гардид, ки минбаъд хатсайри ҳавоии Душанбе – Бишкек ва фаъолияти ду гузаргоҳи сарҳадӣ аз сар гирифта мешавад.

Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” рӯйхати парвозҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, вақту рӯз ва нархи чипта, ҳамчунин, гузаргоҳҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва реҷаи кори онҳоро муайян кард.

 

Парвози ҳавоӣ барқарор гардид

Ҳоло парвози ҳавоӣ танҳо дар масири Душанбе-Бишкек мавҷуд ҳаст, ки   ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе анҷом мешавад. Вақти парвоз, аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек соати 14:20 мебошад. Давомнокии парвоз дар ҳарду самт 1 соату 30 дақиқа аст.

Аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

“Нархи чиптаҳои парвоз 987,5 сомонӣ муқаррар шудааст. Чиптаҳои рафту баргашт бошад 1 ҳазору 778 сомонӣ мебошад. Аз рӯйи нақша, парвозҳои минбаъда дар масири Душанбе-Бишкек рӯзҳои 6, 13 ва 20-уми апрел анҷом меёбанд”, – гуфтанд аз ин ширкат.

Қаблан ширкати “Сомон Эйр” гуфта буд, ки дар оянда нақша дорад шумораи парвозҳоро то ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе зиёд кунад.

Бояд гуфт, ки “Сомон-Эйр” рӯзи 14-уми март, аввалин парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Бишкек-Душанберо анҷом дод. Дар ин рӯз намояндагони бахши авиатсияи шаҳрвандӣ, вазорату идораҳо, аз ҷумла намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон ба Қирғизистон сафар карданд.

Рӯзи 23-уми март бошад, аввалин парвози доимӣ дар хатсайри Душанбе-Бишкек сурат гирифт.

 

Сафар тавассути нақлиёти заминӣ ҳоло ғайриимкон аст

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки барқарор кардани хатсайрҳои нақлиёти заминӣ тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон ҳоло баррасӣ мешавад.

“Пас аз муҳокимаи дуҷониба агар ягон хатсайр кушода шавад, хабар медиҳем. Ҳоло танҳо боркашонӣ тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон- Қизил-Бел” ба роҳ монда шудааст”,-гуфтанд дар ин Вазорат.

Бояд гуфт, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон панҷ гузаргоҳи байналмилалӣ мавҷуд аст. То баста шудани сарҳад ин панҷ гузаргоҳ тариқи зайл фаъолият мекарданд:

Гузаргоҳи байналмилалии “Қизил-Арт – Бор-добо”, байни ноҳияи Мурғоби ВМКБ-и Тоҷикистон ва ноҳияи Алайи Қирғизистон ҷойгир аст, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Гузаргоҳи “Қарамиқ-Қарамиқ” байни ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон ва ноҳияи Алайи Қирғизистон аст. Гузаргоҳи дуҷониба буда танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дастарас мебошад, ки рӯзона фаъолият мекунад.

Гузаргоҳи мошингузари “Гулистон- Қизил-Бел”, ки байни шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон қарор дорад. Он гузаргоҳи байналмилалӣ буда, шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Гузаргоҳи автомобилии “Маданият-Қайрағач” байни шаҳри Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷойгир аст. Ин гузаргоҳ низ дуҷониба буда, шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Роҳи байналмилалии “Овчӣ-қалъача – Кулунду” байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон қарор дорад. Гузаргоҳ байналмилалӣ буда, шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Ҳамакнун, пас аз ҳалли масоили вобаста ба баҳси сарҳадӣ ду гузаргоҳи сарҳидӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон  – “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Қайрағаш” дубора ба фаъолият пардохтанд.

Аммо тибқи маълумоти дастраскардаи “Азия-Плюс” айни ҳол тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Маданият – Қайрағаш” равуо ҷараён надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...