Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия роҳҳои қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия эълон кард. Ин ниҳод гуфтааст, ки барои қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии худ шаҳрвандони кишвар бояд шахсан ба шуъбаи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия, ба шуъбаи ВКД дар маҳалли зист ё ҷойи кориашон муроҷиат кунанд. Шаҳрвандон бо пур […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия роҳҳои қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия эълон кард.

Ин ниҳод гуфтааст, ки барои қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии худ шаҳрвандони кишвар бояд шахсан ба шуъбаи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия, ба шуъбаи ВКД дар маҳалли зист ё ҷойи кориашон муроҷиат кунанд.

Шаҳрвандон бо пур кардани варақаи махсус дархост барои қонунигардониро пешниҳод мекунанд.

Барои қонунӣ кардани будубош ҳуҷҷатҳои зеррин лозиманд:

шиносномаи хориҷӣ (бо тарҷумаи тасдиқшуда, агар лозим бошад);

– корти муҳоҷиратӣ (агар мавҷуд бошад);

– ҳуҷҷати бақайдгирии муваққатӣ (регистратсия- агар мавҷуд бошад);

– патент (агар бошад) ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи асоси будубош дар Русия.

Намояндагӣ гуфтааст, ки шаҳрвандон пардохти боҷи давлатӣ ё дигар пардохтҳои заруриро низ бояд анҷом диҳанд. Мақомот баъди баррасии дархост қарор қабул мекунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки барои маълумоти бештар ё санҷиши ҳуҷҷатҳои худ, шаҳрвандон метавонанд ба сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия ё марказҳои муҳоҷиратӣ муроҷиат кунанд.

Чӣ гуна ба мақомот муроҷиат кардан мумкин аст?

Намояндагии Вазорат дар Русия гуфтааст, ки шахсоне, ки дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав иқомат доранд, метавонанд ба муассисаи давлатии буҷетии “Маркази муҳоҷират” (даромадгоҳи №2) муроҷиат кунанд.

Гуфта шудааст, ки шаҳрвандони кишвар дар дигар минтақаҳо метавонанд ба КВД “Хадамоти шиносномавию раводид” (ПВС) ё ба мақомоти ҳудудии ВКД-и ин кишвар муроҷиат намоянд.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳатман ишора кунанд, ки онҳо дар асоси фармони нав таҳти рақами №1126 муроҷиат карда истодаанд.

“Кормандони мақомоти марбута аллакай аз ин қонун огоҳ ҳастанд. Ҳангоми пешниҳод накардани маълумоти мазкур, дархости шумо тариқи тартиби стандартӣ баррасӣ мегардад ва дар ниҳояти кор эҳтимолияти рад гардидани патенти шумо шуда метавонад”,-навиштааст манбаъ.

Тартиби пешниҳоди дархост чӣ гуна аст?

Намояндагӣ гуфтааст, ки баъди анҷом додани ҳамаи ин марҳилаҳо шаҳодатнома дода мешавад, ки шаҳрвандон бо он метавонанд ба намояндагии ВКД барои бақайдгирии муҳоҷиратӣ муроҷиат кунанд.

Барои дархост гузоштан шаҳрвандонро зарур аст, ки ин ҳуҷҷатҳоро супоранд:

– гузаштан аз ташхиси тиббӣ- ташхиси ВНМО, бемориҳои сироятӣ, истеъмоли маводи мухаддир;

– пешниҳод кардани изи ангушт ва акси шахсӣ;

– гирифтани шаҳодатнома дар хусуси донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия;

– имкони таъини ҷарима мавҷуд аст (бе қабул кардани қарор дар бораи манъи вуруд);

– шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди дархост, андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро бояд пардохт кунанд.

Аз куҷо метавон маълумоти иловагӣ гирифт?

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки шаҳрвандони кишвар метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар суроғаи шаҳри Маскав, кӯчаи Гранатный, 13 муроҷиат кунанд.

Ҳамчунин бо телефони 8(495) 690-41-86 ё E-mail: [email protected],  ва сомонаи tajembassy.ru саволҳои худро пешниҳод кунанд.

– Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия. Телефон: +7 (495) 967 98 44, WhatsApp: +7 (999) 912 58 6;

– Ҳавзаи федералии Сибир дар шаҳр Новосибирск, +7 (929) 388-54-11

– Ҳавзаи федералии Пириволжск дар шаҳри Уфа, +7 (926) 311-52-53

– Ҳавзаи федералии Шмиолу Ғарб дар шаҳри Санкт-Петербург, +7 (977) 963-25-69

– Ҳавзаи федералии Ҷанбуӣ дар шаҳри Краснодар, +7 (901) 344-77-77

– Мақомоти ҳудудии ВКД – барои ҳамаи минтақаҳо.

– Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айни 121; Телефон/факс: +992-225-07-19, 225-05-91, 225-05-81.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.