Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт

Дар Душанбе мақомот як марди 35-соларо бо гумони куштори ҳамсараш боздошт  кардаанд.Раёсати ВКД имрӯз, 2-юми апрел бо нашри як навор аз ӯ Туманов Алишер ном бурдааст. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшуда рӯзи 8-уми март "дар заминаи рашку бадбинӣ" дар манзили зисти худ ҳамсарашро "латукӯби шадид" кардааст. Дар пайи ин, ҳамсари 29-солаи ӯ пас аз се рӯзи бистарӣ […]

Дар Душанбе мақомот як марди 35-соларо бо гумони куштори ҳамсараш боздошт  кардаанд.Раёсати ВКД имрӯз, 2-юми апрел бо нашри як навор аз ӯ Туманов Алишер ном бурдааст.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшуда рӯзи 8-уми март "дар заминаи рашку бадбинӣ" дар манзили зисти худ ҳамсарашро "латукӯби шадид" кардааст. Дар пайи ин, ҳамсари 29-солаи ӯ пас аз се рӯзи бистарӣ будан дар беморхона рӯзи 11-уми март ҷон бохтааст. 

Дар наворе, ки пулис нашр кардааст, Туманов Алишер тасдиқ мекунад, ки баъди истифодаи маводи нашъаовари метаамфитамин ҳамсарашро шиканҷа карда буд.

Аммо маълум нест, ки ин навор дар кадом шароит сабт шудааст. Назари боздоштшуда ба расонаҳо дастрас нест.

Мақомот аз ин воқеа шарҳи бештар надодаанд.

Ҳоло нисбати дастгиршуда мақомот бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 КҶ) парванда боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом ба ӯ аз 5 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар Тоҷикистон кам рух намедиҳад. Танҳо дар моҳи март ду ҳодисаи куштори занон аз сӯи шавҳаронашонро мақомот расонаӣ карда буданд. Вале назари гумонзадҳо дар ин ҳодисаҳо барои расонаҳо дастрас нест.

Қаблан мақомот  гуфта буданд, ки ҳодисаҳои куштор, яке аз ҷиноятҳои мудҳиш дар кишвар афзоиш ёфтааст. 

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва суиқасд ба ҷони одамон афзудааст. Вале эҳтимол кушторҳои пайидарпайи Конибодом, ки давоми соли гузашта рух доданд, сабаби афзудани ин ҷинояти сангин дар кишвар шудааст.

Дар пайи ин кушторҳо дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Ин ҳодисаҳо нигарониии сокинони кишварро ба миён овард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.