Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нишасти қарибулвуқӯъи «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо (ИА)»-ро, ки 3-4 апрел дар Самарқанд баргузор мегардад, рӯйдоди «воқеъан таърихӣ» номид. Ба гуфтаи сиёсатмадор, аввалин маротиба роҳбарони кишварҳои минтақа ва ИА дар як ҷо гирдиҳам меоянд. Тавре ки "Фергана" хабар медиҳад, Мирзиёев интизориҳои худро аз ин рӯйдод дар мусоҳиба бо "Euronews" баён кардааст.

Сарвари давлати Ӯзбекистон зикр кардааст, ки нишаст ба марҳилаи муҳими рушд дар муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табдил хоҳад шуд ва илова намудааст, ки дар солҳои ахир ин ҳамкориҳо ба сатҳи сифатан нав расидааст.

«Умедворем, ки гуфтушуниди сиёсӣ амиқтар шуда, механизмҳои нави ҳамкориҳои мо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат ва доимӣ таҳия хоҳад шуд», — изҳор доштааст президенти кишвар.

Мирзиёев ба як қатор самтҳо ишора кардааст, ки ба баррасии онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд: иқтисод, тиҷорат, энергетика ва нақлиёт.

Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон, яке аз натиҷаҳои калидии нишаст бояд имзои Эъломияи Самарқанд бошад, ки хоҳиши умумии тарафҳоро барои муқаррар намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ инъикос мекунад.

Зимни муроҷиат ба шарикони аврупоӣ Мирзиёев таъкид намудааст, ки Осиёи Марказӣ барои гуфтугӯ ва густариши ҳамкорӣ бар асоси усулҳои манфиати мутақобила ва эътимод омода аст.

Мирзиёев зикр кардааст, ки шакли мулоқт як платформаи нодири ҳамкории мутақобила буда, аз лиҳози миқёс ва фарогирии ниҳодӣ назир надорад.

«Иттиҳоди Аврупо, ки 27 кишвар, аз ҷумла се давлат аз "Ҳафтгонаи бузург” (Олмон, Фаронса ва Италия)-ро муттаҳид мекунад, бузургтарин иттиҳоди ҳамгироӣ аст, ки бо Осиёи Марказӣ дар сатҳи байни минтақаҳо ҳамкории доимӣ роҳандозӣ мекунад. Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо якчанд самтҳо, аз ҷумла аз иқтисод ва сармоягузорӣ то рушди устувор, амният ва тағйирёбиии рақамиро дар бар гирифта, ба афзалиятҳои стратегии дарозмуддат асос ёфтааст», — шарҳ додааст Мирзиёев.

Дар идомаи мавзӯъ сиёсатмадор маълумоти оморӣ овардааст, ки мувофиқи он тайи 7 соли ахир гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 4 баробар афзуда, то нишондиҳандаи 54 млрд евро расидааст. Дар ҳамин ҳол, таваҷҷуҳи тоҷирони Аврупо ба имкониятҳои шарикӣ дар савдо ва сармоягузорӣ бо Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои минтақа ба мушоҳида мерасад.

Президенти Ӯзбекистон илова намудааст, ки Самарқанд тасодуфан макони баргузории чунин чорабинии бузургмиқёс интихоб нашудааст, зеро ин шаҳр тӯли асрҳо ба сифати маркази савдо, илм ва дипломатия шинохта шуда, бузургии он бар асоси муттаҳид намудани фарҳангу халқҳо ва идеяҳо бунёд ёфтааст.

Нишасти якуми “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” рӯзҳои 3-4 апреел дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта, президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, сарони кишварҳои Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон – Садир Жапаров ва Туркманистон – Сардор Бердимуҳамедов иштирок мекунанд.

Дар ин нишаст, ки таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба оянда” баргузор мешавад, ҳамчунин  иштироки роҳбарони Бонки аврупоиии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ низ дар назар аст. Дар ҷараёни муколама дурнамои рушди муносибаҳои бисёрҷанба ва ҳамкории амалӣ байни давлатҳои минтақа ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...