Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?

Аз 2 то 9-уми апрел дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” баргузор мегардад. Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ин фестивал доир гардид. Давоми ҳафта дар доираи фестивали мазкур дар шаҳру навоҳии мамлакат як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоиш ва фурӯши китобҳои бачагона, китобҳои тозанашр ва […]

Аз 2 то 9-уми апрел дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” баргузор мегардад. Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ин фестивал доир гардид.

Давоми ҳафта дар доираи фестивали мазкур дар шаҳру навоҳии мамлакат як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоиш ва фурӯши китобҳои бачагона, китобҳои тозанашр ва ташкили чорабиниҳо бо иштироки адибон ба нақша гирифта шудаанд. Маълум кардем, ки давоми ҳафта дар Душанбеву Суғду Хатлон кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд.

 

Дар Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ:

– Рӯзи 3-юми апрел. Соати 10:00 дар мактаби №16-и ноҳияи Шоҳмансур, хонаи фарҳанги ноҳияи Шаҳринав ва соати 14:00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода бахшида ба ҳафтаи китоб чорабиниҳо баргузор мегарданд.

– Рӯзи 4-уми апрел. Соати 10:00 дар мактаби №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва соати 14:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабиниҳо доир мешавад.

– Рӯзи 5-уми апрел. Соати 10:00 дар китобхонаи №6-и деҳаи Зимчурӯди Варзобва дар мактаби №14-и ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба ҳафтаи китоб чорабиниҳо мегузарад.

– Рӯзи 7-уми апрел. Соати 10:00 дар Мактаб-интернати №1-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор  бахшида ба ҳафтаи китоб чорабиниҳо доир мегардад.

– Рӯзӣ 8-уми апрел. Соати 10:00 дар китобхона-филиали №23-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи шаҳри Турсунзода ва дар Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҳафтаи китоб чорабиниҳо баргузор мегардад.

 

Дар вилояти Суғд:

– Рӯзи 3-юми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи ноҳияи Шаҳристон маҳфили “Камолхонӣ” таҳти унвони “Бунёдгузори кохи назми сухан” баргузор мешавад.

– Рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи шаҳри Истаравшан маҳфили адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Тасвиргари дунёи кӯдакон” бахшида ба 65-солагии Азизи Азиз, нависандаи кӯдакон доир мешавад.

– Рӯзи 5-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи ноҳияи Зафаробод  маҳфили “Ҳофизхонӣ” таҳти унвони “Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз” мегузарад.

– Рӯзи 7-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи шаҳри Гулистон маҳфили адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Сказочник детского королевство” бахшида ба 220-солагии Х.К.Андерсон баргузор мешавад.

– Рӯзи 8-уми апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи шаҳри Исфара маҳфили адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Латофати пурлатофат” бахшида ба 75-солагии Латофат Кенҷаева, шоир ва нависандаи бачагон доир мешавад.

– Рӯзи 9 апрел, соати 10:00 дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи  ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” таҳти унвони “Ҳаёти ҷовидонӣ аз қалам эҷод мегардад” мегузарад.

Дар вилояти Хатлон низ имрӯз Фестивали “Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон” бо иштироки адибони тоҷик бошукӯҳ ифтитоҳ гардид ва гуфта мешавад, ки баргузории як қатор чорабиниҳо дар назар аст. Аммо маълум нест, ки кай дар куҷо чӣ чорабиниҳо доир мегарданд.

Дар ВМКБ ҳам ҳафтаи китоби кӯдакон таҷлил мешавад, вале барномаи баргузории чорабиниҳо барои мо дастрас нашуд.

Ҷамъбасти Фестивал рӯзи 16-уми апрел соати 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”  ва супоридани тӯҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал баргузор мегардад. Дар он ҳамчунин порчаҳо аз намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.