“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии чеҳраҳои шинохтаи сиёсатро ду рӯз муҳокима карда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир гузошт. Дар ин бора манобеи “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Муҳокимаи шикояти кассатсионии чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон ду рӯзи охир дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ва пушти дарҳои баста баргузор шуд. Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, зинаи кассатсиониро се додраси коллегияи […]

Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии чеҳраҳои шинохтаи сиёсатро ду рӯз муҳокима карда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир гузошт. Дар ин бора манобеи “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Муҳокимаи шикояти кассатсионии чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон ду рӯзи охир дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ва пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, зинаи кассатсиониро се додраси коллегияи судии Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.

Дирӯз, 1-уми апрел, баррасии шикояти кассатсионии чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон беш аз се соат давом кард. Дар аввал гуфта мешуд, ки он соати 10:00 баргузор мешавад. Вале тақрибан соати 12:00 вакилони дифоъ, ки барои ширкат дар мурофиа даромада буданд, гуфтанд, он соати 10:00 баргузор нашуд ва онҳо додрас ва додситонро интизор шуданд. Дар ниҳоят мурофиа соати 14:00 оғоз гардида, то соати 17:30 давом ёфт ва идомаи он ба рӯзи дигар гузошта шуд.

Имрӯз, 2-юми апрел, мурофиаи зинаи кассатсионӣ соати 9:00 оғоз гардида, то соати 13:00 давом кард. Аз соати 13:00 то 14:00 додрасҳо танаффус эълон карданд. Пас аз ним соати дубора оғоз гардидани мурофиа, ҳамаи вакилони дифоъ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ баромада, кӯтоҳ ба пайвандон хабар доданд: “бетағйир монд”.

Як вакили дифоъ, ки нахост номаш зикр шавад, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “дар ин ду рӯзи муҳокима ҳамаи маҳкумшудагон ва вакилони дифоъ дар додгоҳ баромад карда, далоили худро шарҳ доданд”.

“Мо ва худи зерҳимояҳо хостори боздиди ҳукмии суд шудем, вале шикоятҳои кассатсионӣ ҳама қонеъ карда нашуд ва ҳукм ҳамон гунае, ки содир шуда буд, бетағйир боқӣ монд”, – гуфт вакили дифоъи яке аз маҳкумшудагон.

Пайвандони дастикам се тан аз чеҳраҳои шинохта, ки дар беруни дари Боздоштгоҳи муваққатӣ интизорӣ натиҷаи шикояти кассатсионӣ буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс”, бо такя ба гуфтаи вакилон, тасдиқ карданд, ки ҳукм бетағйир мондааст.

Яке аз пайвандони чеҳраҳои шинохтаи сиёсат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ҳарчанд интизори озодкунӣ набудам, вале умед доштам, ки ягон соле аз ҳукм кам мекунанд”.

“Акнун тибқи ин ҳукм бархеҳо баъди 90-солагиву 100-солагӣ аз зиндон мебароянд, агар умр дошта бошанд”, – ноумедона гуфт ҳамсуҳбати мо.

Рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд:

– Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

– Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

– Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол зиндон;

– Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 19 сол зиндон;

– Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;

– Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;

– Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки ба қавли вакилони дифоъ ва пайвандони маҳкумшудаҳо, аксари муттаҳамон эътироф накардаанд.

Рӯзи 20-уми феврал аз Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд.

Шарҳи расмии Додгоҳ олӣ дар робита ба ин парвандаро дар ин маводи “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио