Бе “Занги охирин”. Донишҷӯёну хонандагони мактаб дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1-ум 25-уми май ва муҳассилини синфҳои 2-11 аз 1-уми июн ба таътили тобистона мебароянд. Дар ин бора Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, яке аз нуктаҳои муҳими раванди таълим имтиҳони аз синф ба синф гузаронидан (аттестатсия)-и хонандагон мебошад. Муҳлати имтиҳон барои хонандагони синфҳои 4 […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1-ум 25-уми май ва муҳассилини синфҳои 2-11 аз 1-уми июн ба таътили тобистона мебароянд. Дар ин бора Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз нуктаҳои муҳими раванди таълим имтиҳони аз синф ба синф гузаронидан (аттестатсия)-и хонандагон мебошад.

Муҳлати имтиҳон барои хонандагони синфҳои 4 – 8 ва 10 – и муассисаҳои таълимӣ аз 2 то 10-уми июн муқаррар шудааст.

Хатмкунандагони синфҳои 9 аз 2 то 16-уми июн ва хатмкунандагони синфҳои 11 аз 2 то 20-уми июн имтиҳон месупоранд.

Ба таъкиди манбаъ, дарси донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо фарқ мекунад, вале бояд ҳамаи донишҷӯён то 5-уми июл имтиҳоноти худро супорида, пурра ба таътили тобистона бароянд.

 

“Занги охир” мумкин аст?

Сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ки имсол ҳам мисли солҳои пештар маросими “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон баргузор намегардад.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “Занги охир” ё “Занги камолот” таҷлил менамуданд.

Пас аз манъи таҷлили “Занги охир”, 24-уми майи соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.