Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”

Дар даҳ рӯзи аввали даъват ба хидмати ҳарбии баҳорӣ дар Тоҷикистон нақша беш аз 80 дарсад иҷро шуааст. Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми апрел иттилоъ додааст. Қаблан Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш хабар дода буданд. […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар даҳ рӯзи аввали даъват ба хидмати ҳарбии баҳорӣ дар Тоҷикистон нақша беш аз 80 дарсад иҷро шуааст. Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми апрел иттилоъ додааст.

Қаблан Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш хабар дода буданд.

Фаридун Маҳмадализода гуфтааст, айни ҳол иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 72 дарсад баробар аст.

Ба гуфтаи ӯ, то кунун вилояти Суғд нақшаро 54 дарсад иҷро кардааст ва аз ин вилоят ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ низ нақшаи пешбинишударо аллакай ба анҷом расонидаааст.

“Умуман, аз якуми апрели соли равон иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар даҳаи аввали ин моҳ дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 80 фоизро ташкил медиҳад”, – гуфтааст схуангӯи Вазорати дифоъ.

Мавсими баҳории даъват ба артиш дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуд ва он то охири моҳи май давом мекунад. Имсол тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1998-2007) ба артиш ҷалб мешаванд.

Солҳои гузашта ҳам ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар медоданд.

Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд.

Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар ҷараёни маъракаи даъват ба сафи Артиш ҳамеша аз сарбозшикор ё “облава” низ хабару наворҳо нашр мегарданд. Агар мавриди “сарбозшикор” қарор гирифтед, чӣ бояд кард? Ба саволҳои худ дар матлаби “Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед? посух гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио