Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск

Asia-Plus

Дирӯз, 21-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.

Дар бариқияи президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр мешавад, ки “марҳум бо фаъолияти доманадори худ  ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд”.

“Мо хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонем ва қадр мекунем”, – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар идома аз мулоқоташ бо Франсиск, ки соли гузашта дар Ватикан сурат гирифт, ёдоварӣ шуда, гуфтааст, ки “мехоҳам аз саъю кӯшишҳои пайвастаи ӯ дар ҷодаи таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас ёдовар шавам”.

"Дар робита ба ин мусибати гарон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва пайравони калисои католикӣ баён менамоям", – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон

Попи Рум Франсиск, роҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанд вақти охир аз бемории роҳҳои нафас ранҷ мекашд, дирӯз дар 88-солагӣ дар қароргоҳи худ Каса-Санта-Мартаи Ватикан аз олам даргузашт.

Ӯ як рӯз пеш аз маргаш дар иди Пасха ба маҳзари ом баромад ва онҳое, ки барои таҷлили ид ҷашн омада буданд, табрик гуфт.

Расман сабаби марги ӯ сактаи мағзӣ гуфта мешавад.

Номи аслии попи Рум Хорхе Марио Берголо буд. Ӯ 17-уми декабри соли 1936 дар Буэнос-Айреси Аргентина ба дунё омадааст. Франсиск пас аз истеъфои поп Бенедикти 16-ум дар моҳи марти соли 2013 попи калисои католикӣ интихоб шуда буд.

Ӯ бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши таҳаммулпазирӣ машҳур буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...