“Парасту-2025” ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоиза ва ҷоизаҳои дигар насиби кӣ шуд?

Имсол шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” ба Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоишномаи "Достони Сиёвуш” тақдим гардид. Маросими ҷамъбасти ҷашнвора шоми дирӯз, 21-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳузури садҳо ҳаводори театр, ҳунарманд, драмматург ва коргардон баргузор гардид ва ҷоизаҳо ба беҳтарин намоишномаҳову ҳунармадон эҳдо шуд. Дар оғози […]

Имсол шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” ба Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоишномаи "Достони Сиёвуш” тақдим гардид.

Маросими ҷамъбасти ҷашнвора шоми дирӯз, 21-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳузури садҳо ҳаводори театр, ҳунарманд, драмматург ва коргардон баргузор гардид ва ҷоизаҳо ба беҳтарин намоишномаҳову ҳунармадон эҳдо шуд.

Дар оғози чорабинӣ аз 17 намоишномаи дар доираи ҷашнвора ба саҳна гузошта шуда, порчаҳо манзури ҳозирон гардонида шуд.

Ҳамин тавр, тибқи хулоса ҳакамон, ки гуфта мешуд аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд, ҷои якум ба Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ барои намоишномаи "Ял", ҷои дуюм ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара барои намоишномаи "Ривояти суғдӣ" ва ҷои сеюм ба Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Т. Фозилови шаҳри Конибодом барои намоишномаи "Бозгашт" дода шуд.

Театрҳо ва ҳунармандони дигар чунин ҷоиазаҳоро ба даст оварданд:

– ҷоизаи фарҳанги волои саҳнавӣ – ба Низомиддин Раҳмонов барои нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар намоишномаи "Ахтаре аз Хатлонзамин";

– ҷоизаи Беҳтарин ороиши саҳна – ба Хайрулло Давлатов барои намоишномаи "Зангирӣ ё дамгирӣ" аз Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар;

– ҷоизаи Беҳтарин намоиши лухтак – Театри давлатии лӯхтаки ба номи А. Мақсудии шаҳри Бӯстон;

– ҷоизаи Беҳтарин нақши эпизодӣ – ба Тоҳир Меликов аз Театри ӯзбекии драмавӣ – мусиқии ба номи Бурҳонови ноҳияи Спитамен;

– ҷоизаи Беҳтарин ансамбли ҳунарӣ – ба Театри мусиқӣ -мазҳакавии Бохтар барои намоишномаи "Зангирӣ ё дамгирӣ";

– ҷоизаи Беҳтарин нақши балет – ба Фарангис Саидзода барои нақши Томирис дар намоишномаи "Куруши Кабир"-и Театри опера ва балет;

– ҷоизаи Беҳтарин нақши занона – ба Рухшона Улфатова барои нақши Татяна дар намоишномаи "Евгений Онегин"-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов;

– ҷоизаи Беҳтарин нақши мардона – ба Дмитрий Мурзинов аз Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский;

– ҷоизаи Беҳтарин коргардон – ба Хуршед Мустафоев барои намоишномаи “Базм дар айёми вабо” аз Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский.

Бояд гуфт, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуда, то 21-уми апрел давом кард. Дар доиари он 17 театри касбии кишвар намоишномаҳое ки дар солҳои 2023-2024 рӯи саҳна оварда буданд, ба намоиш гузоштанд.

Мақсади баргузории ин фестивал-озмун рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон ва бастакорон мебошад.

“Парасту” дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.