Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи зиёд шудани зиндониёне, ки барои фаъолияти экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои тундрав маҳкум шудаанд, ҳукумати кишвар барномаи махсуси солимгардонӣ ва барқарорсозӣ қабул кардааст. Барои тадбиқи барнома беш аз 38,5 млн  ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки 17,5 млн сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ аст.

Дар ин бора аз 28-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расидааст, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. 

Дар қарор омадааст, мақсади барнома “солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкум шудаанд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии онҳо аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ” мебошад.

Дар асоси он, ба маҳбусон тарбия ва хизматрасонии равоншиносӣ дода шуда, ба ҷомеаи солим баргардонида мешаванд. Барномаи мазкур барои солҳои 2025-2029 татбиқ мегардад.

Барқарорсозии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва равонӣ, ба ҳаёти солим ва ба ҷамъият баргардонидан, фароҳам овардани шароит ва ташкили касбомӯзӣ, назорати мунтазам ва қатъӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии барнома гуфта шудааст.

Барои иҷрои ин барнома “сабаб, шароит ва омилҳои ҷалби онҳо ба таври инфиродӣ омӯхта шуда, нисбат ба ҳар нафари онҳо тадбирҳои инфиродии барқарорсозии зеҳну афкор” тадбиқ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ислоҳи ин гурӯҳи маҳбусон “душвор” буда, барои ислоҳи онҳо “корҳои зиёди барқарорсозӣ ва солимгардониро ба роҳ мондан зарур аст”.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хадамоти равоншиносӣ бо ҷалби равоншиносони махсус омодакардашуда ташкил карда шавад.

Тибқи ин санад барои тадбиқи барномаи солимгардонии маҳбусон  дар умум 38 млн 520  ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ – 17 млн 530 ҳазор сомонӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 20 млн 990 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад.

Пешбинӣ гардидааст, ки бо амалӣ кардани барнома  фаъолияти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ беҳтар, маҳкумшудагон ислоҳ, оқибатҳои дигари манфии иҷтимоии ҷудокунии маҳкумшудагон аз ҷомеа бартараф мегарданд.

Барнома дар се марҳила аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.

Ба иттилои Омбудсмени Тоҷикистон, ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13  ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244  шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Ин ниҳод қаблан аз шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳо, аз ҷумла аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳбусон, ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудан (ВИЧ), гирифторӣ ба бемории сил ва фавти маҳбусонро дар зиндонҳо интиқод карда буд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон дар нишастҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки баъзе аз зиндонҳо азнавсозӣ шуда ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шуда истодааст.

 Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...