Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт

Қурби расмии доллар нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, тайи ҳафтаи ахир ба андозаи 2% – аз 10,90 сомонӣ рӯзи 14 апрел то 10,68 сомонӣ (1 доллар) ба имрӯз, 22 апрел поин рафт. Асъори амрикоӣ пас аз болоравии босуръати қурбаш нисбати сомонӣ дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии доллар нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, тайи ҳафтаи ахир ба андозаи 2% – аз 10,90 сомонӣ рӯзи 14 апрел то 10,68 сомонӣ (1 доллар) ба имрӯз, 22 апрел поин рафт.

Асъори амрикоӣ пас аз болоравии босуръати қурбаш нисбати сомонӣ дар охири моҳи ноябри соли гузашта, дар муддати қариб 5 моҳ бо тағйирёбии начандон назаррас ба самти болову поин тақрибан дар як сатҳ (ба ҳисоби миёна 10,93 сомонӣ) боқӣ мемонд.

Авҷи болоравии доллар нисбати сомонӣ нимаи моҳи апрел дар пасманзари коҳиши босуръати асъори амрикоӣ нисбати рубл – аз 86 рубл то 81 рубл (1 доллар) дар рӯзи 22 апрел оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки қурби пули миллии Тоҷикистон бинобар сабаби робитаҳои зичу густардаи тиҷоративу иқтиодӣ бо Русия, ба рубл вобастагии зиёд дорад.

Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, зиёда аз 90%-и гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Русия тибқи маълумоти БМТ, бо рубл анҷом дода мешавад ва тағйирёбии қурб метавонад ба интиқоли маблағҳо бо сомонӣ таъсир расонад, ки дар навбати худ ба қурби сомонӣ низ таъсир мерасонад.

Ба ақидаи мутахассисон, болоравии қурби рубл ба беҳбуди вазъи иқтисод дар Русия мусоидат намуда, дар навбати худ он ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад ва қурби сомонӣ мустаҳкам мегардад.

Ин ба муддати дароз аст?

Дар расонаҳои Русия ва доираҳои коршиносӣ дар мавриди давомнокии мустаҳкм шудани қурби рубл нисбати доллар ақидаҳои мухталифанд.

Таҳлилгарони SberCIB пешгӯӣ кардаанд, ки дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат қурби рубл метавонад дар сатҳи то 85 рубл дар ҳафтаҳои наздик қарор гирад. Аз баргаштани рубл ба сатҳи 105 рубл (1 доллар) охири сол интизорӣ меравад.

“Барои устувор шудани қурби рубл вуруди назарраси сармоя ё афзоиши назарраси содирот лозим аст”, – навиштааст хабаргузории РБК бо истинод ба онҳо.

Иқтисодчӣ Вячеслав Таквел бар ин назар аст, ки болоравии ҳозираи қурби рублро наметавон тасҳеҳи мукаамал номид, ки як сол давом кунад. “Ба гумони ғолиб, ҳамаи гап сари давраест, ки содиркунандагони ватанӣ фаъолона андозҳоро пардохт мекунанд”, – овардааст гуфтаҳои ӯро хабаргузории DEITA.RU.

Коршиноси бозори фондии «БКС Мир инвестиций» Михаил Зелтсер пешгӯӣ мекунад, ки қурби доллар дар ду моҳи наздик на дар сатҳи 80 рубли кунунӣ, балки ҳудуди 90 рубл дар назар аст.

“Охири фасли баҳор тағйири омилҳо ва берун рафтани асъори хориҷӣ имконпазир аст: содирот каму воридот афзуда, Бонки марказӣ ба сабуксозии сиёсати пуливу қарзӣ оғоз мекунад”, – хулоса кардааст ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.