Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” Тоҷикистонро 20 варзишгар, аз ҷумла Комроншоҳ Устпороиён, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки қаблан гуфта буд, ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад, муаррифӣ мекунанд.

Номи ин паҳлавон дар рӯйхати онҳое, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, дида мешавад. Ӯ дар вазни то 95 кг баромад хоҳад кард.

Қаблан, ин паҳлавони шинохтаи тоҷик пас аз шикаст дар бозиҳои олимпии "Порис-2024" эълон карда буд, ки ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад. Ӯ аз номдортарин ҷудокорони тоҷик аст, ки аз даҳҳо мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст.

Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 18 варзишгар, аз ҷумла 3 зан муаррифӣ мекунанд. Ин мусобиқа рӯзи 26-уми апрел дар ар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе ба таври зайл аст:

Мардон:

– Муллораҷаб Халифаев, Суҳроб Боқиев, Муслимбек Каримов ва Сарвар Абдушукуров дар вазни то 65 кг;

– Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов ва Абубакр Боқиев дар вазни то 78 кг;

 – Комроншоҳ Устопириён, Исроил Раҳимов , Улуғбек Раҳимов ва Муҷиб Меҳробҷонзода дар вазни то 95 кг;

– Шакармамад Мирмамадов, Шариф Назриев, Фирдавс Насимов ва Дадахон Қурбоналлиев дар вазни ҷамъи 95 кг.

Занон:

– Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева дар вазни то 70 кг.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқот ҳамчунин, варзишгарон аз 25 кишвар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Арманистон, Бангладеш, Белорусия, Булғористон, Олмон, Юнон, Миср, Молдова ва дигар давлатҳо ширкат мекунанд.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллар мебошад. Ғолибони мақоми аввал бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм 2 ҳазору 500 доллар қадрдонӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушди варзиш, тарғиби солимгардонӣ миёни сокинони пойтахт баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...