Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” баргузор мегардад

Дар Душанбе аввали моҳи май ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” баргузор мегардад. Дар он театрҳои 6 кишвар ширкат мекунад ва миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷашнвораи байналмилалӣ рӯзи 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома мекунад. Дар ҷашнвораи мазкур […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе аввали моҳи май ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” баргузор мегардад. Дар он театрҳои 6 кишвар ширкат мекунад ва миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷашнвораи байналмилалӣ рӯзи 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома мекунад.

Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат мекунанд.

“Ин ҷашнвора барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳунармандони кишварҳои ширкатдошта мусоидат менамояд. Ҳадафи фестивал густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад”, – гуфтанд аз Вазорати фарҳанг.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд. Акнун он дубора эҳё мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе як ҳафтаи охир ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту 2025” баргузор гардид. Ин ҷашнвора чӣ гуна гузашт ва кадом намоишнома чӣ ҷоиза гирифт, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.