Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид

Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО шомил гардидааст. Ин ташаббус бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ гирифта шуда, дар ин бораи ЮНЕСКО рӯзи 17-уми апрели соли 2025 иттилоъ интишор намуд. Дастхатҳои Қалъаи Муғ дар қатори 74 дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба рӯйхати “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО шомил […]

Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО шомил гардидааст. Ин ташаббус бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ гирифта шуда, дар ин бораи ЮНЕСКО рӯзи 17-уми апрели соли 2025 иттилоъ интишор намуд.

Дастхатҳои Қалъаи Муғ дар қатори 74 дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба рӯйхати “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО шомил гардид.

Сомонаи  ЮНЕСКО дар муаррифии дастхатҳо навиштааст, онҳо барои фаҳмидани таърих, ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, анъанаҳо ва гуногунии этникии Осиёи Марказӣ дар давраи гузариш аз давраи пеш аз исломӣ ба давраи исломӣ дар аввали асри VIII милодӣ, муҳим мебошанд.

“Маъзаратномаҳо зиндагии Деваштич, ҳокими Панҷикент, пеш аз мағлубияти ӯ аз ҷониби арабҳо дар соли 722 милодиро нишон медиҳанд. Дастхатҳо ба шомили сабтҳои ҳаррӯзаи тиҷоратӣ, номаҳо, шартномаҳо, мубодилаҳои дипломатӣ ва гузоришҳои пинҳонӣ иборат мебошанд”,- навиштааст ин ниҳоди байналмилалдӣ.

Бояд гуфт, ки бо шарофати бозёфти ин дастхат дар соли 1932 таҳқиқи таърихи водии Зарафшон ва охирин шоҳи Панҷакенти давраи истилои арабҳо – Деваштич оғоз шудааст.

Кашфи ин дастхатҳо ба кашфиёт ва омӯзиши минбаъдаи ёдгориҳои асримиёнагии водӣ, шаҳрдорию хоҷагидорӣ, расму русуми оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсию иҷтимоӣ, барқарор намудани таърихи сиёсии Осиёи Марказии он давра асос гузоштааст.

Ба гуфтаи Олга Смирнова, яке аз муҳаққиқони матнҳои суғдӣ, дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ пайдошуда мутааллиқ ба чоряки аввали асри 8 ҳастанд.

Бояд гуфт, ки ки соли гузашта Қалъаи Кӯҳи Муғ ба Феҳрести мероси фарҳангии умумибашарӣ шомил шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки то кунун ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО аз Тоҷикистон “Куллиёт”-и Мавлоно, дастнависи “Куллиёт”-и Убайди Зоконӣ ва “Ғазалиёт”-и Ҳофизи Шерозӣ шомил гардида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.