Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми апрел, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се варзишгари дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Шеров ва Александр Кан рақобатҳои худро баргузор карданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг куштӣ гирифта, баъди шикасти се рақиби худ ба финал баромад. Аммо дар ин марҳила ӯ аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ – Ҷунван Ли шикаст хӯрда, маротибаи дуюм дар корномаи худ медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Маҳмадбеков қаблан дар соли 2021 соҳиби медали нуқраи ин мусобиқа шуда буд.

Ҷудокори дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Ӯ баъди шикасти ҳарифи ҷопонии худ ба нимфинал баромад, вале дар ин давр Абубакр ба таври баҳсбарангез аз варзишгари ӯзбекистонӣ ноком шуд ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Дар рақобат барои ҷои сеюм паҳлавони тоҷик рақиби муғулистонии худ Уранбаяр Одгерелро ноком карда, медали биринҷиро ба гардан овехт.

 

Дар вазни то 57 кили миёни занон Александр Кан, варзишгари тоҷик ба майдон омад. Ӯ дар даври якум рақиби худ аз Малайзияро ноком кард, вале дар даври дуюм аз варзишгари Тайпеи Чин шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се ҷудокори тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 13 паҳлавон, 9 мард ва 4 зан Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...