Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи 846,8 млн сомонӣ (беш аз 81 млн доллар) зиёда аз 5,4 млн амалиёти ғайринақдӣ анҷом дода шудааст. Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, шумори чунин амалиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 28% ва маблағи онҳо – 50,3% зиёд шудааст.
Дар Бонки миллӣ таъкид мекунанд, ки тайи 4 соли ахир теъдоди амалиёт тариқи ҳамёнҳои электронӣ ба андозаи 73% – аз 10,7 млн сомонӣ дар соли 2020 то 18,5 млн сомонӣ дар соли 2024 афзудааст.
Маблағи ин амалиёт дар ин давра қариб 5,5 баробар – аз 543 млн сомонӣ дар соли 2020 то 2 млрд 967 млн сомонӣ дар соли 2024 зиёд шудааст.
Бино ба маълумоти БМТ, шумори умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ то охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳудуди 12,7 млн ададро ташкил додааст, ки 32,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.


