Ҷон бохтани ду нафар дар пайи офатҳои табиии рӯзи гузашта

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, ки дар пайи боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва омадани сел дар рӯзи гузашта ду нафар ҷон бохта, роҳҳои чанд минтақаи кишвар баста шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, субҳи рӯзи 2-уми май як сокини 25-солаи деҳаи Офтобрӯяи ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштич ҳангоми чаронидани чорво бар асари раъду барқ аз расиши барқ ҷон бохтааст.  Наҷотдиҳандагон ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва ба хешовандонаш супоридаанд.

Ҳамчунин, Кумита гуфтааст, ки дар пайи омадани сел дар ноҳияи Ёвон як писари 12-солаи сокини деҳаи Якатути ҷамоати Даҳанаи ин ноҳия, вақти чорвочаронӣ зери сел монда, ҷон бохтааст. Манбаъ аз ин писари ноболиғ Ҷалолиддини Акбаралӣ ном бурда, гуфтааст, ки то кунун ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.

Ба навиштаи КҲФ, рӯзи гузашта, як духатри 18-солаи сокини шаҳри Бӯстон “ҳангоми аксгирӣ дар истироҳатгоҳи шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ пояш лағжидаву ба дарёи Сир сарозер шудааст”. Наҷотдиҳандагон ин духтарро аз дарё зинда берун овардаанд.

Инчунин, ба иттилоъи КҲФ, дар пайи селҳои рӯзи гузашта дар ноҳияи Ёвон 5 замини наздиҳавлигии деҳаи Гулавшон-3-и ҷамоати Чоргул ва 4 замини наздиҳавлигӣ деҳаи Гулистон-2-и ҷамоати Даҳна зарар дидаанд.

КҲФ дар идома хабар додааст, ки субҳи рӯзи 2-юми дар километрҳои 5 то 25-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент сел ва сангреза фаромада, роҳи мазкурро чанд соат бастааст.

Сел ҳамчунин, дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, ба ин маконҳо зарар расондааст.

Мақомот ҳамчунин гуфтаанд, ки дирӯз дар километрҳои 144 ва 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бар асари бориши борони пуршиддат сел омада, роҳро бастааст. Ин роҳ аз ҷониби ширкати “IRS”, ки барои нигоҳубини он аз ронандаҳо пул мегирад, поккорӣ шудааст.  Ҳоло дар роҳи мазкур ҳаракати мошинҳои сабукрав иҷоза дода шудааст, вале он барои мошинҳои боркаш ҳамчунон бастааст.

КҲФ гуфтааст, ки рӯзи гузашта дар деҳаи Зиғари ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳам сел омада, шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғро бастааст.

Ин ниҳод илова кардааст, ки ҳоло ин роҳ барои мошинҳои сабукрави тамғаи “Ҷип” боз аст, аммо барои ҳаракати мошинҳои сабукрави дигар ва нақлиёти боркаш он баста боқӣ мемонад. Маълум нест, ки роҳи мазкур барои ҳаракати дигар мошинҳо кай боз мегардад.

Дар пайи гарм шудани ҳаво, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки хатари омадани сел то чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. Ин ниҳод аз аҳолӣ хост, ки ин рӯзҳо аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва чидани гиёҳҳои доруӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин, Кумита аз ронандагон хостааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор кунанд ва суръатро боло набурда, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. боэҳтиёт бошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бар асари 639 офати табиӣ (557 ҳолат дар соли 2023) 17 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...