Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ -“Наврӯз” бо саргузашти “Рӯдакӣ” оғоз шуд

Шоми дирӯз, 2-юми май дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” оғоз гардид ва ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд. Дар саҳни театр, нахуст, зери оҳангҳои гуногун, рақсҳои миллии тоҷикон, туркҳову озариҳо, қазоқҳову ӯзбекҳо ва русҳо намоиш дода шуд. Ин қисмати фароғатиро меҳмонон хуш истиқбол […]

Шоми дирӯз, 2-юми май дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” оғоз гардид ва ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд.

Дар саҳни театр, нахуст, зери оҳангҳои гуногун, рақсҳои миллии тоҷикон, туркҳову озариҳо, қазоқҳову ӯзбекҳо ва русҳо намоиш дода шуд. Ин қисмати фароғатиро меҳмонон хуш истиқбол карданд.

Баъдан, ҳунармандони театрҳои меҳмонро Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон як-як дар даромадгоҳи театр пешвоз гирифт.

Толори театр моломоли тамошобинон ва мухлисони ҳунари театрӣ буд ва ҷашнвора бо суханронии расмӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Матлубхон Сатториён аҳамияти фестивалро бузург арзёбӣ карда, гуфт, ки ин ҷашнвора барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳунармандони кишварҳои ширкатдошта мусоидат менамояд.

“Ҳадафи фестивал густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад”, – гуфт вазири фарҳанг.

Баъдан ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ намоиши операи “Рӯдакӣ”-ро манзури ҳаводорон гардониданд. Ин нахустин намоиши фестивал буд.

Ин намоиш аз сафари Рӯдакӣ аз зодгоҳаш ба Бухоро оғоз шуда, ҳамин тавр саргузашти минбаъдаи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, ки дар дарбори амир ба мартабаҳои баланд расид, саҳнагузорӣ шуд ва бо кушта шудани Нигина – дӯстдоштаи шоир намоиш ба итмом расид.

Бояд гуфт, ки дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат мекунанд.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд. Акнун он дубора эҳё мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе чанде пеш ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту 2025” баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.