Боздошти директори як ширкати сохтмонӣ барои фурӯхтани як хона ба чанд кас. Чанд ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир

Мақомоти корҳои дохилӣ давоми ду рӯзи охир дар робита ба содир шудани чанд ҷиноят хабар дода, дастикам 3 нафарро бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, итоат накарадан ба корманди мақомот ва ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд. Аз ҷумла, шоми дирӯз, 2-юми май Раёсати корҳи дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки як фурӯшандаи гӯштро барои “итоат […]

Мақомоти корҳои дохилӣ давоми ду рӯзи охир дар робита ба содир шудани чанд ҷиноят хабар дода, дастикам 3 нафарро бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, итоат накарадан ба корманди мақомот ва ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.

Аз ҷумла, шоми дирӯз, 2-юми май Раёсати корҳи дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки як фурӯшандаи гӯштро барои “итоат накардан ба милитсия” 7 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Ин ниҳод, аз ин нафар Хисрави Рустам, сокини 32-солаи пойтахт ном бурд ва гуфт, дар пайи шикояти шаҳрвандон барои гарон кардани нархи гӯшт боздошт шудааст.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар маркази савдои “Садбарг” дӯкони гӯштфурӯшӣ дошта, мунтазам бо шаҳрвандон дағалона муносибат намуда, ҳамзамон ба талаботи қонунии кормандони милитсия низ итоат накардааст”, – гуфтааст пулиси Душанбе.

Мақомот гуфтаанд, ки нисбати Хисрави Рустам барои “итоат накардан ба амри милитсия” (моддаи 479 КҲМ) протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва додгоҳ ӯро ба 7 шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Ҳамчунин, дирӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) аз боздошти директори як ширкати сохтмонӣ – ҶДММ “Сохтмон Палас” хабар дод, ки ду хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.

Ин ниҳод аз ин мард ном набурада, танҳо гуфтааст, ки қаблан соли 2010, бо қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд.

“Гумонбаршаванда 3-юми марти соли 2025, аз ошёнаи 3-юми бинои баландошёнаи навсохтмон, воқеъ дар маҳаллаи “Корвон” манзили истиқоматӣ иборат аз 53,12-метри мураббаъро, ки онро қаблан дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба марди 47-солаи сокини ноҳияи Фархор фурӯхта буд, такроран дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба нафари дигар ба маблағи 350 ҳазору 592 сомонӣ фурӯхта маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст”, – навишааст ВКД.

Манбаъ гуфтааст, ки ҳамчунин ин мард такроран дар ҳамин бино манзили истиқоматии дигарро, ки қаблан ба дигар кас фурӯхта буд, дубора ба ин нафар фурӯхта, “бо ин кирдораш ба ҷабрдида 560 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст”.

Мақомот нисбати директори ширкати сохтмонии “Сохтмон Палас” барои қаллобӣ (қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 109,5 ҳазор сомонӣ то 164,2 ҳазор сомонӣ (1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 8 то 12 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.  

Ҳамчунин, ин ниҳод аз боздошти як зани 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст, ки ба ташкили фоҳишахона ё даллагӣ гумонбар аст.

Гумонбаршаванда 29-уми апрели соли 2025, кошонаи ҳусни «Малика», воқеъ дар маҳаллаи Зарафшонро ба иҷора гирифта, дар он ҷо шаҳрвандонро ба кор қабул намуда, ба даллагӣ машғул шудааст”, – гуфтааст ВКД.

Дар ҳар се ҳолат ҳам назари боздоштшуда ва наздикони онҳо маълум нест. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.