Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Дар боғи “Куруши Кабир”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд. Дар ярмарка аз ҷониби беш аз 100 ширкату корхонаҳои дохилӣ зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кории холӣ барои корҷӯён пешниҳод гардид. Инчунин, муассисаҳои касбомӯзиву забономӯзӣ ва машваратӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд. Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар дохил, инчунин аз ҷониби муассисаҳои масъул […]

Дар боғи “Куруши Кабир”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд. Дар ярмарка аз ҷониби беш аз 100 ширкату корхонаҳои дохилӣ зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кории холӣ барои корҷӯён пешниҳод гардид. Инчунин, муассисаҳои касбомӯзиву забономӯзӣ ва машваратӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд.

Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар дохил, инчунин аз ҷониби муассисаҳои масъул кор дар хориҷи кишвар низ пешниҳод гардид ва ба назар мерасид, ки корҷӯён барои кор дар хориҷа таваҷҷуҳи бештар доранд.

Масъулини вазорати меҳнат мегӯянд, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ "дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ доир мегардад ва барои муаррифӣ намудани ҳам корхонаҳо ва ҳам ҷойҳои кории холие, ки дар дохили кишвар мавҷуданд, аҳамияти муҳим дорад". Онҳо иддао доранд, ки чунин маъракаҳо натиҷаҳои хуб медиҳанд, аммо нагуфтанд, ки ба воситаи чунин ярмаркаҳо чӣ теъдод шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.

Гуфта шуд, танҳо дар соли 2024 дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 900 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, аз онҳо зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванд истифода кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳукумати кишвар аз таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои кории нав иттилоъ медиҳад, вале бекорӣ дар кишвар яке аз мушкилоти ҷиддии шаҳрвандон боқӣ мемонад. Аксари корҷӯён сабаби дар ҷойҳои холии дохили кишвар кор накарданашонро ба музди маоши паст рабт медиҳанд.

Бинобар иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон қариб бекорон нестанд. Оҷонсии омори назди Тоҷикистон гуфта буд, моҳи декабри соли 2024 сатҳи бекорӣ 1,9%-ро ташкил медиҳад.

Теъдоди бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 51,4 ҳазор нафарро ташкил дода, 6,3% зиёдтар нисбат ба моҳи декабри соли 2023 аст. Вале  вазъии воқеии марбут ба мизони бекорӣ дар кишвар аз маълумоти расмӣ фарқ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.