Китоби “Сетор”-и Фарзонаи Хуҷандӣ бо хатти форсӣ дар Эрон чоп шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Китоби "Сетор"-и Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо хатти форсӣ баргардон ва дар Эрон ба табъ расид. Дар ин бора мураттиби ин китоб Шоҳонаи Озарахш, номзади илмҳои филологӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ӯ гуфт, ки китоби мазкур бо баргардонӣ ва пешгуфтори пажӯҳишгари эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар нашриёти “Хирадгон” ба нашр расидааст.

Дар боби шарҳи ҳолу фаъолияти Фарзона дар муқоваи “Сетор” омадаааст, ки “Фарзонаи Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) шоири андешаварзу нависандаи номдори Тоҷикистон аст, ки ба унвони яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форсӣ шинохта мешавад. Ӯ на танҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар миёни форсизабонони ҷаҳон низ чеҳраи шинохташуда аст”.

“Ҳарчанд нигоҳи бонуи Хуҷандӣ ба инсон ва зиндагӣ жарфу ҳакимона аст, аммо забони шеърҳои ӯ сода ва дар айни ҳол пурбаҳост. Фарзонаи Хуҷандӣ ба далели ҷойгоҳи баландаш дар шеъри муосири Тоҷикистон “Фурӯғи Тоҷикистон” номида шудааст”, – навиштааст Муҳсини Фараҳбар.

Бояд гуфт, ки “Сетор” охири моҳи октябри соли 2024 ба муносибати 60-солагии устод Фарзона дар Душанбе ба теъдоди 100 нусха ба чоп расида буд. Дар ин китоб 100 ғазал аз “Девони ғазалиёт”-и Фарзона ва 100 ғазали дигар аз китобҳои “Арғувони офтоб”, “Найсон”, “Найшакар” ва дигар маҷмӯаҳои шоира гулчин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2024”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг гузаронида шуд, охири соли гузашта дар номинаи “Назм” китоби “Сетор” соҳиби ҷойи аввал шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...