“Яккаписар будам, аммо падарам ба ҷанг фиристод”. Ҳикояи куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ дар Тоҷикистон

Рашид Каримов, куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ки 113 сола аст ва барои тасдиқи он ҳуҷҷат низ пешниҳод мекунад. Ӯ 1 –уми июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1942, вақте дар мактаби деҳа чун омӯзгор кор мекард, ба ҷанг меравад ва то охирин рӯзи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рашид Каримов, куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ки 113 сола аст ва барои тасдиқи он ҳуҷҷат низ пешниҳод мекунад.

Ӯ 1 –уми июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1942, вақте дар мактаби деҳа чун омӯзгор кор мекард, ба ҷанг меравад ва то охирин рӯзи ҷанг дар майдони набард боқӣ мемонад.

“Падарам раиси хоҷагии деҳқонӣ буд, одамон гуфтанд, ки раис бачаи худашро ба ҷанг намефиристаду бачаҳои моро равон мекунад. Мо дар хонавода ду духтару як писар будем. Бо вуҷуди ин, падарам маро ба ҷанг фиристод”, – мегӯяд Рашид Каримов.

Ӯ дар ҷанг чӣ корнамоӣ кард, имрӯз чӣ ҳол дорад ва то куҷо қадрдонӣ мешавад, дар навори зерин бубинед:

 

Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Моҳи майи соли 2024 теъдоди онҳо 24 нафарро ташкил медод.

Имсол ба собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба 50 ҳазор сомонӣ   кумакпулӣ тақдим карда мешавад.

Маблағҳо барои пардохти якдафъаина аз фонди захиравии президенти мамлакат ҷудо карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.