Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имсол аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 нафар барандаи “Green Card” ё “Корти сабз”-и Амрико шудаанд. Ин нисбат ба соли 2023-юм қариб 600 нафар кам мебошад.

Сомонаи расмии ин барномаи амрикоӣ дар ин бора хабар дода навиштааст, ки дар соли 2025 дар маҷмӯъ 131  ҳазору 60 нафар аз саросари ҷаҳон барандаи “Green Card” шудаанд, ки метавонанд барои визаи муҳоҷират ариза супоранд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон барандаи “Green Card” гардидаанд. Аз ин кишвар 5 ҳазору 564 нафар соҳиби “корти сабз” шудаанд. Сокинони Ӯзбекистон соли гузашта низ бо шумори 5 ҳазору 555 нафар пешсаф буданд.

Имсол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд кас ғолиби корти сабз шуданд дар тасвирбаёни мо бинед:

Ҳамин тариқ аз кишварҳои Русия 5 ҳазору 519 кас, Эрон 5 ҳазору 267 нафар, Туркия 4 ҳазору 194, Миср 5 ҳазору 515 нафар ва Судон 5 ҳазору 505 нафар барандаи “Green Card” шудаанд.

Ҳамчунин 4 ҳазору 9 шаҳрванди Афғонистон ва 4 ҳазору 2 шаҳрванди Украина соҳиби “корти сабз”-и Амрико гардидаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Барномаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико яке аз имкониятҳои хуб барои тоҷикон аст, ки ба ин кишвар сафар кунанд ва бо ин мақсад ҳамасола ҳазорҳо тоҷикистонӣ дар “Green Card” бахти худро месанҷанд.

Оморе, ки барномаи мазкур эълон кард, натиҷаи дархостҳое аст, ки шаҳрвандон аз 2-юми октябр то 5-уми ноябри соли 2024 пур карда буданд. Шоми рӯзи 3-юми май натиҷаи он эълон шуда буд.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” номи худро санҷед, ки "Green-Card"-и имсоларо буридед ё не.

Бояд гуфт, ки сар аз соли 2022 ИМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар супоридани корти сабз чанд сабукӣ дод. Аз ҷумла, соли гузашта тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар лотерея иштирок кунанд. Қаблан барои пешниҳоди дархост доштани шиносномаи хориҷӣ зарур буд.

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 2022 ба шаҳрвандони Тоҷикистон дигар лозим нест, ки дар сурати бурд барои дарёфти раводид (виза) ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ раванд. Онҳо раводиди ИМА-ро дар сафорати ин кишвар дар Душанбе гирифта метавонанд. Пеш барои гирифтани раводид шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба Қазоқистон рафта, онро дар сафорати ИМА дар Алмато дастрас мекарданд.

Дар асоси талботи мавҷуда дарёфти корти сабз ҳанӯз кафолати пурраи ба даст овардани раводид ё визаи ИМА нест. Қадами дуввум ин аст, ки ғолиб ба консулгарии ин кишвар даъват мегардад ва ҳама маълумоте, ки ӯ дар барнома ворид кардааст, санҷида ва чанд қадами дигарро тай мекунад.

Ҳамасола даҳҳо нафар барои нодуруст пур кардани аризаи электронӣ ё дигар камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳо аз рафтан ба Амрико маҳрум мешаванд.

Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ҳар сол ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, 50 ҳазор раводиди иқомати доимӣ (“Green Card” – корти сабз) медиҳад.

Ҳамасола ҳудуди 14 миллион нафар аз саросари дунё дар ин барнома иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...