Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?

Тоҷикистон мавқеи худро ба сифати яке аз пешсафони содироти хушкмева аз Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми содирот зиёда аз 26,5 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 9,4 млн долларро ташкил дод. Мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, то охири сол ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2024 ба андозаи 12% ва […]

Тоҷикистон мавқеи худро ба сифати яке аз пешсафони содироти хушкмева аз Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми содирот зиёда аз 26,5 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 9,4 млн долларро ташкил дод.

Мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, то охири сол ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2024 ба андозаи 12% ва арзиши он – 16% боло меравад.

Соли 2023 ҳаҷми содирот 81,8 ҳазор тонна ва соли 2024 – аллакай 90,1 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бозорҳои асосии фурӯш кишварҳои ИДМ, Олмон, Чин ва Туркия боқӣ монданд. Зиёда аз 70%-и содирот ба Русия ва Қазоқистон рост меояд.

 

Дар сохтори содироти хушкмеваи Тоҷикистон маъмулан зардолуқоқ, мавиз, олуқоқ, анҷир ва чормағз мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ба рушди ин соҳа айни замон рақобат аз ҷониби Туркияву Эрон, Афғонистону Ӯзбекистон, душвориҳои логистикӣ ва афзоиши хароҷот монеъа эҷод мекунанд. Аммо рушди технологияи хушксозӣ ва бандубаст, инчунин тавсеъаи хатсайрҳои содиротӣ дурнамоҳои нав боз намуда, бозори хушкмеваро ба яке аз ояндадортарин дар минтақа табдил медиҳанд.

Инак, дар зарфи 2 соли охир мо чӣ қадар хушкмева содир кардаем?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.