Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд

Ҳангоми насби оина дар бинои баландошёнае дар Душанбе чор мард афтода, ду тани онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари дигар ба беморхона қарор доранд. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе  ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ҳодиса дар маҳаллаи Бофандаи пойтахт рух додааст. Манбаъ гуфт, ки се нафари онҳо сокинони шаҳри Ҳисор […]

Ҳангоми насби оина дар бинои баландошёнае дар Душанбе чор мард афтода, ду тани онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари дигар ба беморхона қарор доранд.

Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе  ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ҳодиса дар маҳаллаи Бофандаи пойтахт рух додааст.

Манбаъ гуфт, ки се нафари онҳо сокинони шаҳри Ҳисор ва як каси дигар истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошад.

"Қурбониёни фоҷиа ду марди яке 21 ва дигаре 37 сола мебошанд. Ду шахсе, ки дар беморхона қарор доранд яке 25 ва дигаре 41 сола ҳастанд. Як нафари онҳо дар беморхонаи "Шифобахш" ва дигар нафар дар Беморхонаи шаҳрии рақами 3 интиқол ёфтанд",-гуфтанд дар Раёсати ҚҲФ.

Дар ин ниҳод иброз доштанд, ки айни ҳол таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад.

Маълум нест, ки онҳо кай ва аз чандум ошёна ба замин афтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, охири ҳафтаи гузашта, дар рӯзҳои истироҳатӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки гуфта мешуд, чанд нафар аз бинои баландошёна ба замин афтоад, ду нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Дар навор зикр мешавад, ки мардҳо дар ошёнаи шашуми бинои 18-ошёна зимни насби оина ба замин сарозер шудаанд.

Бори аввал нест, ки сокинони зимни сохтмони биноҳо аз ҳодисаҳои нохуш ба ҳалокат мерасанд. Қаблан бар асари афтодани девори атрофи манзили сохташуда се кӯдак ба ҳалокат расида буданд.

Ҳодиса дар маҳаллаи кӯчаи Ҳабибулло Назаров рух додааст, ки дар он корхонаи “ДСК Тоҷикистон” сохтмонро анҷом додааст. Масъулини ширкат гуфтанд, деворе, ки кӯдакон дар зери он ҷон доданд, ба онҳо тааллуқ надошт.

Додситонии ноҳияи И.Сомонии пойтахт аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, чанд тан аз кормандони ширкати “ДСK Тоҷикистон”-ро боздошт карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.