“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост

Абдурозиқ Эгамов, машҳуртарин блогери тоҷик, ки чаҳор соли охир дар хориҷа буд, ба ватан баргаштааст. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ӯ мулоқот кард ва ба чанд саволи худ дар бораи фаъолият, бунёди оила, шиносоӣ бо Салмон Хон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва нақшаҳои ин блогер посух гирифт. Абдурозиқ дар Ютюб 1,5 миллион ва дар Инстаграм қариб 8 миллион […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Абдурозиқ Эгамов, машҳуртарин блогери тоҷик, ки чаҳор соли охир дар хориҷа буд, ба ватан баргаштааст. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ӯ мулоқот кард ва ба чанд саволи худ дар бораи фаъолият, бунёди оила, шиносоӣ бо Салмон Хон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва нақшаҳои ин блогер посух гирифт.

Абдурозиқ дар Ютюб 1,5 миллион ва дар Инстаграм қариб 8 миллион пайгир дошта, дар саросари дунё ӯро мешиносанд. Ӯ соли гузашта дар давлати Британияи Кабир тарабхонаи худро боз кард. Ҳамчунин аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки раводиди дарозмуҳлати Амороти Муттаҳидаи Арабро соҳиб шудааст.

Блогери тоҷик дар лоиҳаҳои бузург ҳамроҳи ситораҳои ҷаҳон фаъолият кардааст. Дар филме бо ҳунарманди Ҳинд Салмон Хон нақш офаридааст.  Намоҳангҳои ӯро ҳудуди 40 миллион бор боздид кардаанд.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин сафари худ мехоҳад фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Бештар дар гузориши мо тамошо кунед:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.