Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон имрӯз дар маърӯзааш пеш аз намози ҷумъа гуфт, ҳар он мусулмоне, ки назди фолбину ҷодугар меравад, кофир мешавад ва никоҳаш ботил мегардад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон бо соҳириву ҷодугарӣ мубориза бурда, нафарони бо ин кор машғулро боздошт мекунанд ва ҷазо медиҳанд.

Абдулқодирзода аз минбари масҷиди ҷомеи марказии Душанбе гуфт, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром маҳсуб мешавад ва ҳар касе, ки ба сеҳргарӣ машғул мешавад, аз имон ҷудо мешавад.

“Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд, ки никоҳашон бо шавҳарон ҷудо мешавад. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд”, – афзуд муфтии Тоҷикистон.

Ӯ таъкид кард, ки “ҳамон ҷодугарон худ ҳоли табоҳ доранд, наметавонанд бахти касеро кушоянд, агар метавонистанд, пеш аз ҳама худро хушбахт мекарданд”.

Бояд гуфт, ки як сол инҷониб мақомоти Тоҷикистон муборизаро бо фолбинҳову ҷодугарон тақвият бахшидаанд. Илова ба ин, мақомоти корҳои дохилии кишвар онҳоеро, ки аз хадамоти фолбину ҷодугарон истифода мекунанд, низ аз муҷозот огоҳ гардаанд. Охири моҳи августи соли 2024 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад.

 

Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2024 ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафарро бо иттиҳоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт ва нисбаташон парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Аммо теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...