Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафарро бо иттиҳоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт ва нисбаташон парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шудааст. Аммо теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила, рузи 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафарро бо иттиҳоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт ва нисбаташон парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шудааст. Аммо теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила, рузи 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки мақомот соли 2024-ум 1 ҳазору 103 нафарро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт карда нисбаташон парванда ифтитоҳ кардаанд.

“Гарчанде дини ислом ва қонунҳои дунявӣ чунин амалҳоро пешбинӣ наменамояд ва онро маҳкум мекунад, шаҳрвандон ба ин нигоҳ накарда, фирефтаи фолбину ҷодугар шуда, ба онҳо бовар карда, маблағҳои калони худро аз даст медиҳанд”, – иброз дошт вазири корҳои дохилӣ.

Раҳимзода аз тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ворид гардид ёдовар шуда, афзуд, ки “баъди дуюм маротиба татбиқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад”.

“Ман дастур додам, шахсоне, ки рафта, бо фолбинону нимчамуллоҳо ҳамкорӣ мекунанд, онҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба воситаи расонаҳо нишон дода шаванд”, – гуфт Рамазон Раҳимзода.

Аммо вазир дар хусуси теъдоди шаҳрвандоне, ки давоми соли 2024 ба фолбинону сеҳргарон муроҷиат кардаанд иттилоъ надод ва танҳо гуфт, “мо пешниҳод кардем, ки онҳо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд, аммо ба ҳисоб нагирифтем”.

Ёдрас мешавем, ки охири моҳи августи соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад.

Он замон ВКД ҳамзамон иттилоъ дода буд, ки “танҳо дар як моҳи охир (июл-августи соли 2024 – муаллиф) зиёда аз 150 нафар чунин ашхос (онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд – муаллиф) ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шудааст”.

Инчунин, мақомоти корҳои дохила қаблан хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.

Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2024 ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 112 ҳазору 500 то 150 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.