Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд

Asia-Plus

Дирӯз, 15-уми май, дастикам се тан аз чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми “табаддулоти давлатӣ” маҳкум шуданд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.

“Азия-Плюс” нусхаи феҳристи маҳкумшудагони ба зиндони 3/1-и Ваҳдат интиқолшударо дастрас кард. Дар он феҳрист номи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон, Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зикр гардидааст.

Яке аз пайвандони маҳкумшудагон низ интиқоли ин се танро ба зиндони 3/1-и Ваҳдат тасдиқ кард.

Аммо мақомот расман дар ин бора иттилоъ надода, интиқоли маҳкумшудагонро ба зиндон тасдиқ накардаанд.

Қаблан, аз миёни маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” нахустин шуда, рӯзи 22-юми апрел Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхораро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол дода буданд.

Баъдан, ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 8-уми май Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ду тани дигарро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба яке аз зиндонҳо интиқол додаанд. Маълум нест, ки ду тани дигар киҳоянд ва онҳоро ба кадом зиндон бурданд.

Сарнавишти маҳкумшудагони дигари “парвандаи табаддулот” маълум нест.

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Додситони кул ӯро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор кард.

Баъдтар, дар доираи ин парванда яке паси дигар чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.

Мурофиаи додгоҳии ҳамаи онҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва бидуни иштироки пайвандон ва намояндагони расонаҳо баргузор шуд.

Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид ва каме баъд Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотӣ ҷурми маҳкумшудагонро расман эълон кард.

Ҳамаи маҳкумшудагон аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурданд, вале ҳукми онҳоро додгоҳи марҳилаи таҷдиди назар бетағйир гузошт.

Ҳамаи маҳкумшудагон аз замони боздошт то кунун дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) нигоҳ дошта мешуданд.

Дар бораи ин парванда дар матлаби зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...