Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд

Ба муносибатиРӯзи дави миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 18 май дар Душанбе мусобиқаи давидан ва веломарафон доир мегардад. Тавре ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, марфони велосипедронон соати 7:30 оғоз гардида, ҷамъшавии иштирокчиёни он – соати 7:00 муқаррар шудааст. Марафон аз постгоҳ дар терминали “Чорбоғ” (баромад аз Варзоб) […]

Ба муносибатиРӯзи дави миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 18 май дар Душанбе мусобиқаи давидан ва веломарафон доир мегардад.

Тавре ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, марфони велосипедронон соати 7:30 оғоз гардида, ҷамъшавии иштирокчиёни он – соати 7:00 муқаррар шудааст. Марафон аз постгоҳ дар терминали “Чорбоғ” (баромад аз Варзоб) оғоз гардида, тариқи кӯчаҳои Карамов, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ мегузарад ва дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба охир мерасад.

Дар ин чорабиниҳо метавонанд ҳам варзишгарон ва ҳам дӯстдорони давидан ва варзиши велосипедронӣ иштирок кунанд. Ин марафон маротиаи 18-ум баргузор мешавад. Солҳои пеш дар чунин марафонҳо сокинони қатории Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои давлатӣ ширкат меварзиданд.

Ба ғолибони марафон аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон дар се номина – варзишгарон, дӯстдорон ва занон туҳфаҳои арзишманд тақдим мешавад.

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ”, ҳамасола ҳар рӯзи якшанбеи моҳи май дар ҷумҳурӣ мусобиқаи дави умумиҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо таблиғи ба варзиш машғул шудан ва пешбурди ҳаёти солим унвон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.