Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд

Дирӯз, 15-уми май, дастикам се тан аз чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми “табаддулоти давлатӣ” маҳкум шуданд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд. “Азия-Плюс” нусхаи феҳристи маҳкумшудагони ба зиндони 3/1-и Ваҳдат интиқолшударо дастрас кард. Дар он феҳрист номи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон, […]

Дирӯз, 15-уми май, дастикам се тан аз чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми “табаддулоти давлатӣ” маҳкум шуданд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.

“Азия-Плюс” нусхаи феҳристи маҳкумшудагони ба зиндони 3/1-и Ваҳдат интиқолшударо дастрас кард. Дар он феҳрист номи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон, Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зикр гардидааст.

Яке аз пайвандони маҳкумшудагон низ интиқоли ин се танро ба зиндони 3/1-и Ваҳдат тасдиқ кард.

Аммо мақомот расман дар ин бора иттилоъ надода, интиқоли маҳкумшудагонро ба зиндон тасдиқ накардаанд.

Қаблан, аз миёни маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” нахустин шуда, рӯзи 22-юми апрел Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхораро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол дода буданд.

Баъдан, ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 8-уми май Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ду тани дигарро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба яке аз зиндонҳо интиқол додаанд. Маълум нест, ки ду тани дигар киҳоянд ва онҳоро ба кадом зиндон бурданд.

Сарнавишти маҳкумшудагони дигари “парвандаи табаддулот” маълум нест.

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Додситони кул ӯро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор кард.

Баъдтар, дар доираи ин парванда яке паси дигар чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.

Мурофиаи додгоҳии ҳамаи онҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва бидуни иштироки пайвандон ва намояндагони расонаҳо баргузор шуд.

Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид ва каме баъд Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотӣ ҷурми маҳкумшудагонро расман эълон кард.

Ҳамаи маҳкумшудагон аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурданд, вале ҳукми онҳоро додгоҳи марҳилаи таҷдиди назар бетағйир гузошт.

Ҳамаи маҳкумшудагон аз замони боздошт то кунун дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) нигоҳ дошта мешуданд.

Дар бораи ин парванда дар матлаби зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.