“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?

Рӯзи 15-уми май, маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин”  дар  меҳмонхонаи “Кангурт”-и Душанбе баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамсарон ҳамроҳи фарзандонашон, ҳунармандону раққосон ва масъулин ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ ба даҳ ҷуфти камбизоат шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ин чорабинӣ чӣ гуна гузашт, ғолибон чӣ тавр муайян шуданд ва чӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 15-уми май, маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин”  дар  меҳмонхонаи “Кангурт”-и Душанбе баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамсарон ҳамроҳи фарзандонашон, ҳунармандону раққосон ва масъулин ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ ба даҳ ҷуфти камбизоат шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.

Ин чорабинӣ чӣ гуна гузашт, ғолибон чӣ тавр муайян шуданд ва чӣ тавр қадрдонӣ гардиданд, дар гузориши мо тамошо кунед:

 

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” дар се марҳила шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Ин озмун бори дуюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешава.

Ба иттилои кумита ғолибон аз рӯйи низомномаи зеррин муайян шуданд:

– солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ;

– тарбияи дурусти фарзандон;

– саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат;

– нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ;

– шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон;

– забондонӣ ва иштироки фарзандон дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

– ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ;

– ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.

Дар анҷоми маросими ҷоизасупории озмуни “Оилаи беҳтарин” барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли санъат ва ҳунар баргузор гардид. Ҳамчунин аз ҷониби ҳунармандон саҳнаи театрӣ манзури меҳмонон гардонида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.