Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?

Аз аввали моҳи май барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои кишвар маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ шуд. Ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати нақлиёте, ки беш аз 6 тонна вазн дорад, аз соати 10:00 то 20:00 маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ин қарор бо мақсади пешгирии вайроншавии […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Аз аввали моҳи май барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои кишвар маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ шуд. Ҳангоми беш аз 25 дараҷа гарм будани ҳаво ҳаракати нақлиёте, ки беш аз 6 тонна вазн дорад, аз соати 10:00 то 20:00 маҳдуд карда мешавад.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ин қарор бо мақсади пешгирии вайроншавии пӯшиши роҳҳо роҳандозӣ шуда, то 31-уми август идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, ин маҳдудият дар роҳҳои мошингарди зерин татбиқ мегардад:

 

Маҳдудият барои дигар роҳҳое, ки дар ин феҳрист ишора нашудааст, аз 8 тонна боло гуфта мешавад.

Манбаъ навиштааст, ин маҳдудият нисбат ба мошинҳое, ки мусофирон, кӯмаки башардӯстона, маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда, борҳои хатарнок, калонҳаҷм, ангишт мекашонанд ва ё иҷозатномаи махсус доранд, татбиқ намешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, қарори маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн аз 8-уми ноябри соли 2011 қабул шудааст ва татбиқи имсолаи он аз суханронии охири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара маншаъ мегирад, ки пиромуни гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо арзёбӣ шудани соли 2025 зикр карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.