“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард

Муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ буда, барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илм, сиёсат ва амният замина омода шудааст. Ин нуктаро Масъуд Пезишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 18-уми май, дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон изҳор дошт. Дар ин мулоқот Пизишкиён бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд […]

Муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ буда, барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илм, сиёсат ва амният замина омода шудааст. Ин нуктаро Масъуд Пезишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 18-уми май, дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон изҳор дошт.

Дар ин мулоқот Пизишкиён бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд ба тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, изҳор доштааст, ки дар ин росто ду кишвар бояд талош кунад.

“Метавонем бо фароҳам овардани заминаҳои муносиб барои ҳамкории фаъолонаи тоҷирон, бозаргонон, санъаткорон ва донишгоҳиён бар ғанои таъомулоти дуҷониба афзуда ва заминасози рушд, равнақ ва пешрафти муштараки ду миллат шавем”.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ навиштааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ ба Пизишкиён паёму дуруд ва таманниёти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро расондааст.

Вазири корҳои хориҷа майли ҷониби Тоҷикистонро барои тавсеъаи ҳамкорӣ бо Эрон таъйид карда, таъкид доштааст, ки иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда миёни раҳбарони ду кишвар заминаи устувори тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва гардишгарӣ мебошад.

Сироҷиддин Муҳриддин лағви низоми раводид миёни ду кишварро минбари муносиб барои густариши табодули гардишгарӣ ва афзоиши равобити мардумӣ унвон кардааст.

 

Пештар аз ин, рӯзи 17-уми май дар ҳошияи чаҳорумин Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Аббос Ароқчӣ, вазир умури хориҷаи Эрон низ дидору гуфтугӯ кард.

Дар мулоқот масоили амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд. Инчунин таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳам баррасӣ шуда, ҷонибҳо аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардаанд.

Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Эрон ба зарурати идомаи ҳамкориҳои минтақаӣ, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъкид кардаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷониби Эрон даъват кард, ки дар чорабиниҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 –уми май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд. Ба гуфтаи Ароқчӣ ҳайати Эронро дар ин конфронс Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар раҳбарӣ хоҳад кард.

 

Ёдрас мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар ҳамоиши дурӯзаи “Гуфтугӯи Теҳрон”, ки рӯзҳои 17-18 –уми  май бо иштироки мақомоти баландпоя ва дипломатҳои 53 кишвари ҷаҳон ва намояндагони Созмони Милали Мутаҳҳид баргузор шуд, вориди Эрон шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин ҳамоиш аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки барои эҷоди як механизми амнияти дастаҷамъӣ барои мусоидат ба сулҳу субот дар минтақа кор кунанд.

Ӯ бо ишора ба идомаи бӯҳрони башардӯстона дар навори Ғазза таъкид кард, ки Тоҷикистон куштори фаластиниҳои бегуноҳ ва тахриби зербиноҳои ҳаётан муҳим, аз қабили бемористонҳоро шадидан маҳкум мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин бо даъвати оташбаси фаврӣ ва эҷоди долонҳо барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ таъкид кард, ки таъсиси давлати мустақили Фаластин бо пойтахти он дар Ал-Қудс ягона роҳи ҳалли низои Исроил ва Фаластин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.