Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ

Варақаи иттилоотӣ

Имрӯз, 21-уми май, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ намояндагони Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо ҳайати Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо васеъ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои маблағгузории содиротӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мубодилаи иттилоот аз таҷрибаҳои фаъолияти бонкӣ байни кормандони ду ниҳодро баррасӣ карданд.

Инчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ин ду ниҳод, ки як сол инҷониб мавриди коркарду баррасӣ қарор доштааст, ба имзо расид. Интизор меравад, ки ба имзо расидани ин санад барои пешниҳоди хизматрасонии босифат ба мизоҷон таъсиргузор хоҳад буд.

 

Пештар аз ин, рӯзи 19-уми май низ ҳайати расмии Тоҷикистон бо доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд  ва Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад, директори иҷрояи Фонди Саудӣ оид ба рушд мулоқот анҷом дода буд. Дар он саҳми ниҳодҳои зикршуда дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ шуд.

 

Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ омодагии худро изҳор намуда, дар навбати худ аз ҷониби “Саноатсодиротбонк” ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифат дар рафти татбиқи лоиҳаҳои устувор изҳоро омодагӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...