“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард

“Почтаи тоҷик” пас аз як соли танаффус хадамоти интиқоли мактуб ва баста миёни Тоҷикистон ва Русияро дигарбора оғоз кардааст. Сабаби то имрӯз қатъ гардидани ин хадамот маълум нест. Аз КВД “Почтаи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки кори почта аз 20-уми май барқарор шудааст. “Ҳамакнун шаҳрвандон имкон доранд мактуб ва бастаро ба тамоми минтақаҳои  Русия равон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

“Почтаи тоҷик” пас аз як соли танаффус хадамоти интиқоли мактуб ва баста миёни Тоҷикистон ва Русияро дигарбора оғоз кардааст. Сабаби то имрӯз қатъ гардидани ин хадамот маълум нест.

Аз КВД “Почтаи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки кори почта аз 20-уми май барқарор шудааст.

“Ҳамакнун шаҳрвандон имкон доранд мактуб ва бастаро ба тамоми минтақаҳои  Русия равон кунанд”, – зикр карданд аз ин ниҳод.

Аммо қариб як сол қатъ гардидани ин хадамотро шарҳ надоданд.

Қаблан Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа, гуфта буд, ки мушкилот байни хадамоти почтаи ду кишвар ҳанӯз аз моҳи июли соли 2024 оғоз шудааст. Ӯ гуфта буд, ки  байни ин корхона ва “Почтаи Русия” “баъзе мушкилот” ва “ихтилофи назар” мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2024 хонандагон бо исроли мактуб ба идораи “Азия-Плюс” нигаронӣ карда буданд, ки “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё ҳар гуна бастаи дигар равон намекунад.

Он замон барои санҷиши вазъ хабарнигори “Азия-Плюс” ба чанд шуъбаи “Почтаи тоҷик” дар Душанбе муроҷиат кард. Дар ҳама нуқтаҳо бори моро барои ба Русия равон кардан қабул накарданд ва гуфтанд, ки Русия “борҳои “Почтаи тоҷик”ро қабул намекунад”.

Аммо Фаридун Қурбонов, директори “Почтаи тоҷик” дар суҳбати телефонӣ ин мушкилро рад карда, изҳор дошта буд, ки “мактубҳо ба Русия фиристода мешаванд”.

Дар “Почтаи тоҷик” ба муроҷиаткунандагон тавсия додаанд, ки ба хадамоти хусусии “Почтаи аср” муроҷиат кунанд, аммо нархи ин почтаи хусусӣ чанд маротиба гаронтар аст. Хабарнигори “Азия-Плюс” он вақт санҷид, ки чаро почтаи давлатӣ ин хадамотро пешниҳод намекунад, аммо почтаи хусусӣ ба роҳ мондааст.

Ҷузъиётро дар ин матлаб мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.