Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ

Имрӯз, 21-уми май, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ намояндагони Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо ҳайати Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) мулоқот анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ тарафҳо васеъ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои маблағгузории содиротӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мубодилаи иттилоот аз таҷрибаҳои фаъолияти бонкӣ байни кормандони ду ниҳодро баррасӣ карданд. Инчунин, Ёддошти […]

Варақаи иттилоотӣ

Имрӯз, 21-уми май, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ намояндагони Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо ҳайати Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ (Saudi Exim) мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо васеъ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои маблағгузории содиротӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мубодилаи иттилоот аз таҷрибаҳои фаъолияти бонкӣ байни кормандони ду ниҳодро баррасӣ карданд.

Инчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ин ду ниҳод, ки як сол инҷониб мавриди коркарду баррасӣ қарор доштааст, ба имзо расид. Интизор меравад, ки ба имзо расидани ин санад барои пешниҳоди хизматрасонии босифат ба мизоҷон таъсиргузор хоҳад буд.

 

Пештар аз ин, рӯзи 19-уми май низ ҳайати расмии Тоҷикистон бо доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд  ва Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад, директори иҷрояи Фонди Саудӣ оид ба рушд мулоқот анҷом дода буд. Дар он саҳми ниҳодҳои зикршуда дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ шуд.

 

Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ омодагии худро изҳор намуда, дар навбати худ аз ҷониби “Саноатсодиротбонк” ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифат дар рафти татбиқи лоиҳаҳои устувор изҳоро омодагӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.