Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш

Рӯзи 30-юми май дар Душанбе бо иштироки Фарзона ва Озарахш, ду Шоири халқии Тоҷикистон маҳфили “Ҳумоюн” баргузор мегардад. Дар ин бора Шоҳона Каримова, духтари ин ду шоир ба «Азия-Плюс» хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, маҳфил соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мегардад. Дар маҳфил гуфтугӯ бо шоирон ва […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Рӯзи 30-юми май дар Душанбе бо иштироки Фарзона ва Озарахш, ду Шоири халқии Тоҷикистон маҳфили “Ҳумоюн” баргузор мегардад. Дар ин бора Шоҳона Каримова, духтари ин ду шоир ба «Азия-Плюс» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маҳфил соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мегардад.

Дар маҳфил гуфтугӯ бо шоирон ва рӯнамоии китобҳои “Сетор”-и Фарзона ва “Ба баҳонаи баҳорон”-и Озарахш, ки дар Эрон ба нашр расидааст, дар назар аст. Дар поёни маҳфил ҳунармандони шинохтаи кишвар аз эҷодиёти ин ду шоир шеърҳо месароянд.

Иштирок дар маҳфил озод буда, ҳаводорони шеъру адаб метавонанд ширкат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки муассисони ин маҳфил шоирон Озарахш ва Фарзона буда, ҳар нишасти он дар навоҳии гуногуни Суғд доир мегардид.

Моҳи январи соли ҷорӣ дар Эрон низ яке аз силсиламаҳфилҳои “Ҳумоюн” баргузор шуд. Ҳамчунин дар он маҳфил 60-солагии Фарзонаро, ки моҳи ноябри соли гузашта ба ин син қадам ниҳода буд, таҷлил карда буданд.

“Сетор” гулчини ғазалҳои Иноят Хоҷаева, мутахаллис ба Фарзона  буда, моҳи ноябри соли гузашта дар остонаи 60-солагии ӯ ба нашр расид. Ин китоб ахиран моҳе пеш ба хати форсӣ баргардон ва дар Эрон низ ба ин хат ба табъ расид.

“Ба баҳонаи баҳорон” бошад гулчини ғазалиёти Толиб Карими Озарахш буда, соле пеш дар Эрон бо хати кирилли ва форсӣ ба нашр расида буд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳумоюн, номи писари ягонаи Озарахш ва Фарзона аст, ки 13-уми апрели соли гузашта аз олам даргузашт. Ӯ донишҷӯи шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.