Борон, чангу ғубор ва сел. Ҳавои охири моҳи май дар Тоҷикистон

Нигина Аслонова Asia-Plus

Аз 27 то 29-уми май якбора бадшавии ҳаво дар Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар доданд.

Обуҳавошиносон аз боронҳои кӯтоҳмуддати пуршиддат бо раъду барқ дар кӯҳу доманакӯҳҳо, инчунин тӯфони чангу ғубор дар водиҳо огоҳ мекунанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби ВМКБ омадани селҳо пешгӯӣ мешавад.

 

Вазъи ҳаво дар минтақаҳо

Дар вилояти Хатлон ин ҳафта ба сурати умум ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст. Рӯзи 28-уми май шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад. Лекин рӯзи 29-уми май суръати шамол аз самти ҷанубу ғарб то 15 м/с пурзӯр шуда метавонад ба тӯфони чангу ғубор боис гардад.

Дар вилояти Суғд низ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо то 29 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ салқин боқӣ мемонад: то 13-18 дараҷа гарм. Суръати шамол баъзан метавонад то 15 м/с пурзӯр шавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот шаби 28-уми май имкон дорад. Сипас обуҳаво устувор шуда, лекин дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ боқӣ мемонад. Ҳарорат рӯзона то 29 дараҷа ва шабона – то 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби минтақа боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар шарқ – ҳавои хушк, вале хунук пешбинӣ шудааст: шабона ҳарорат метавонад то 3 дараҷа хунукӣ поин равад.

Обуҳавошиносоон аз сокинони минтақаҳои кӯҳӣ дархост намудаанд, ки эҳтиёткор буда, аз наздик будан ба соҳили дарёҳо ва теппаҳои ярчфаро худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...