Рӯзи Иди Қубон, ки имсол 6-уми июн муқаррар шудааст, дар мактабу донишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми маориф истироҳатӣ эълон шуд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, бар асоси моддаи 3-и қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Иди Қурбон ғайрикорӣ эълон гардидааст.
“Бо фармони вазири маориф ва илми кишвар имтиҳонҳои рӯзи 6-уми июн дар мактабу донишгоҳҳои кишвар ба рӯзи 5 ё 7-уми июн гузаронида мешаванд”,-гуфтанд дар вазорат.
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 29-уми май зимни як ҷаласаи худ таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 6-уми июн муқарар кард. Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози ид соати 5:45 дақиқа хонда мешавад.
Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.
Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.
Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.


