Дарёфти гӯшвораи тиллоии замони Кӯшониён аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон

Asia-Plus

Бостоншиносони “Осорхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон гӯшвораи тиллоие ёфтаанд, ки мувофиқи маълумоти муқаддамотӣ, ба давраи давлатдории Кӯшониён мансуб аст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ки “ин осори гаронбаҳо дар раванди ҳафриёти таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ, ки аз 20 май оғоз гардид, кашф шуд”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин кашфиёт имкониятҳои навро барои омӯзиши тарзи зиндагонӣ ва мақоми иҷтимоии сокинони он замон равшан мекунад.

“Гӯшвора бо маҳорати баланди заргарӣ ва сатҳи баланди ҳунари бадеӣ фарқ мекунад, ки ин далели рушду такомули анъанаҳои ҳунармандии аҷдодони мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад”, – навиштааст манбаъ.

Манбаъ гуфтааст, ҳоло муаяйн кардани санаи дақиқи бозёфт, таҳлили таркиби металл ва усулҳои технологии истеҳсоли он аз тарафи мутахассисон идома дорад.

“Дар марҳилаи баъдӣ, гӯшвораи мазкур ба фонди “Осорхона миллӣ” ҷиҳати таҳқиқу омӯзиш супурда шуда, дар гӯшаи “Дастовардҳои бостоншиносони Осорхонаи миллӣ” ба намоиш гузошта хоҳад шуд”, – омадааст дар хабари расмӣ.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...