Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 шуд

Тими мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо мағлуб кардани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 шуд шуд ва ҷомро болои сар бардошт. Футболбозони навраси кишвар зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии ниҳоӣ муқобили Ӯзбекистон камбек карданд. Гарчанде дар нимаи аввал дастаи миллии Тоҷикистон дар ҳисоб (0:2) ақиб монда буд, вале то охири ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ […]

Тими мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо мағлуб кардани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 шуд шуд ва ҷомро болои сар бардошт.

Футболбозони навраси кишвар зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии ниҳоӣ муқобили Ӯзбекистон камбек карданд. Гарчанде дар нимаи аввал дастаи миллии Тоҷикистон дар ҳисоб (0:2) ақиб монда буд, вале то охири ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ тавонист натиҷаро 3:4 ба нафъи худ кунад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Далер Каёсов бори сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA  гардид. Манбаъ гуфтааст, ки қаблан Каёсов бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ҷоизаи мазкур даст ёфта буд.

Ҳамин тавр, ба дастаи Ӯзбекистон барои ишғоли ҷойи дуюм медалҳои нуқра супурда шуд.

Дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон 30-юми май барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовӣ (0:0) хотима ёфт. Дар задани силсилзарбаҳои пеналти кори туркманҳо омад кард – 7:6.

Мунтахаби Туркманистон ҷойи сеюмро гирифт ва бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Дастаи Қирғизистон чаҳорум шуд.

Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойи панҷум миёни тимҳои Эрону Афғонистон доир гардид, ки бо пирӯзии эрониҳо бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 бо иштироки шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон – аз 24-ум то 31-уми май дар Тошканд доир гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.