Дарёфти гӯшвораи тиллоии замони Кӯшониён аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон

Бостоншиносони “Осорхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон гӯшвораи тиллоие ёфтаанд, ки мувофиқи маълумоти муқаддамотӣ, ба давраи давлатдории Кӯшониён мансуб аст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ки “ин осори гаронбаҳо дар раванди ҳафриёти таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ, ки аз 20 май оғоз гардид, кашф шуд”. Ба гуфтаи манбаъ, […]

Asia-Plus

Бостоншиносони “Осорхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон гӯшвораи тиллоие ёфтаанд, ки мувофиқи маълумоти муқаддамотӣ, ба давраи давлатдории Кӯшониён мансуб аст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ки “ин осори гаронбаҳо дар раванди ҳафриёти таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ, ки аз 20 май оғоз гардид, кашф шуд”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин кашфиёт имкониятҳои навро барои омӯзиши тарзи зиндагонӣ ва мақоми иҷтимоии сокинони он замон равшан мекунад.

“Гӯшвора бо маҳорати баланди заргарӣ ва сатҳи баланди ҳунари бадеӣ фарқ мекунад, ки ин далели рушду такомули анъанаҳои ҳунармандии аҷдодони мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад”, – навиштааст манбаъ.

Манбаъ гуфтааст, ҳоло муаяйн кардани санаи дақиқи бозёфт, таҳлили таркиби металл ва усулҳои технологии истеҳсоли он аз тарафи мутахассисон идома дорад.

“Дар марҳилаи баъдӣ, гӯшвораи мазкур ба фонди “Осорхона миллӣ” ҷиҳати таҳқиқу омӯзиш супурда шуда, дар гӯшаи “Дастовардҳои бостоншиносони Осорхонаи миллӣ” ба намоиш гузошта хоҳад шуд”, – омадааст дар хабари расмӣ.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.