Ҷаримаи гӯштфурӯшон дар Душанбе пеш аз Иди Қурбон барои боло бурдани нарх

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ҷараёни санҷиши кормандони милитсияи пойтахт чанде азр фурӯшандагони гӯшт барои “худсарона боло бурдани нархи маҳсулот” пеш аз Иди Қурбон ҷарима шуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон Ҷалилов Абдуғаффор, Келдияров Бобоҷон, Исмоилов Исомиддин, Каримов Аҳад ва Раҳимзода Азиз, ки дар маркази савдои «Баҳор», «Садбарг» ва хиёбони Рӯдакӣ дӯкони гӯшт доранд, худсарона нархро боло бурдаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки онҳо “аз ниёзмандии шаҳрвандон ва омадани Иди Қурбон суистифода карда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, худсарона нархи маҳсулоти гӯштро қимат кардаанд”.  

Гуфта мешавад, нархномаи гӯшт, ки дар дӯкони онҳо 75-сомонӣ навишта шудааст, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95-то 100-сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Дар ҳоле ки назари фурӯшандаҳо дар ин робита ба расонаҳо маълум нест, мақомот алайҳашон  бар асоси моддаи 555 КҲМ протоколҳои тартиб дода, онҳоро ҷарима кардаанд. Дар хабари пулиси Душанбе гуфта нашудааст, ки фурӯшандаҳо чӣ қадар ҷарима шудаанд. Вале моддаи 555 КҲМ аз 20 то 3 ҳазор нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 75 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Зикр шуд, ки дар зарфи 1 рӯз 80 ҳолати бо нархҳои баланд ба фурӯш гузоштани маҳсулот ба қайд гирифта шудааст.

Дар Раёсати ВКД ҳамчунин хотиррасон намуданд, ки аввали моҳи март, пеш аз моҳи Рамазон барои назорат ва танзими нарх дар бозорҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, минбаъд низ ба рейду санҷишҳояшон идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи март, пеш аз моҳи Рамазон дар пойтахт барои назорати нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуданд. Мақомоти милитсияи пойтахт он замон аз тоҷирон даъват карда буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набардоранд ва ҳушдор дода буд, ки нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” меандешад.

Санҷишҳо дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо пас аз арзу шикояти шаҳрвандон аз болоравии нархҳо гузаронида мешуданд. Дар ҷараёни санҷишҳо ҳудуди 10 нафар гӯштфурӯшон барои беасос боло бурдани нархҳо боздошт шуданд. Дар бозорҳои “Сафариён”, “Меҳргон” ва “Саховат” ҳолатҳои фурӯши гӯшт бо нархҳои балндтар аз муқарраршуда, аз ҷумла ба ҷойи 75 сомонӣ 95-100 сомонӣ фурӯхтани гӯшт ба қайд гирифта шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...