Шералӣ Кабир: Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати ИДМ аст

Дар ҷаласаи Шӯро оид ба сиёсат дар соҳаи саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 4 июн дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар дар Иттиҳод ният дорад, ки самти стратегии аз ҷониби сарони кишварҳои ИДМ муайяншударо доир ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи Шӯро оид ба сиёсат дар соҳаи саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 4 июн дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар дар Иттиҳод ният дорад, ки самти стратегии аз ҷониби сарони кишварҳои ИДМ муайяншударо доир ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи саноат амалӣ намояд.

Баргузории ин ҷаласа дар Тоҷикистон ба гуфтаи Шералӣ Кабир, барои аз наздик ошно гардидан бо рушди кишвар ва шиносоӣ бо имконот ва дурнамои рушди он имкони хуб фароҳам меорад.

“Иттиҳод механизми муҳим барои Тоҷикистон дар татбиқи ҳамкории бисёрҷониба буда, як шакли анъанавӣ ва мувофиқи ҳамкории мутақобила байни давлаҳои узви он боқӣ мемонад”, – зикр кард вазир.

Дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарони вазорату идораҳои соҳавии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Ҳамчунин роҳбарони 5 мактаби олӣ – муассисаҳои заминавӣ оид ба омодагӣ ва такмили касбу ихтисоси кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат ҳузур доштанд.

Дар ҷаҳорчӯби ҷаласа ҳамчунин авалин Вохӯрии машваратии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2024 дар Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои минтақа пешниҳод шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки раисони ҳукуматҳо тасдиқи Консепсияи рушди ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи саноати сабук, Конесепсияи ҳамоҳангсози низомҳои миллии ҳамлу нақли ҳавоии кишварҳои  иттиҳод ва Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳодро дар соҳаи солимии аҳолӣ дар нақша доранд.

Ғайр аз ин, имзои созишнома оид ба рушди соҳаи мошинсозии вазнин дар назар буда, Муқаррарот дар бораи принсипҳои ташаккули сохтори тадорукотиву техникӣ, бунёд ва роҳандозии фаъолияти Низоми муттаҳидаи алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳод ба баррасӣ пешниҳод мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.