Боздошти як зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми иртибот бо “Ал-Қоида” дар ИМА. Мақомот шарҳ намедиҳанд

Asia-Plus

Дар Амрико як зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, бо иттиҳоми иртибот бо шабакаи террористии “Ал-Қоида”* боздошт кардаанд. Бо гузашти беш аз ду ҳафта мақомоти Тоҷикистон ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Идораи муҳоҷирати ИМА хабар медиҳад, ки марди 39-сола рӯзи 23-юми май дар шаҳри Филаделфияи Иёлати Пенсилвания дастгир гардидааст.

Ин ниҳод менависад, ки боздоштшуда дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор доштааст. Аммо ҳувияти ӯ ошкор нашудааст ва мақомот ҳам рӯйи ӯро дар аксҳо тира кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин мард қаблан дар моҳи марти соли 2023 барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дастгир шуда, вале баъдан бо шарти ҳозир шудан дар додгоҳ муваққатан озод гардидааст.

Ба гуфтаи Брайан Фиел, раиси дафтари Идораи муҳоҷират дар Филаделфия, боздошти ин мард дар ҳамкорӣ бо FBI (Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико) сурат гирифтааст.

“Дар ҳамкории наздик бо шарикони мо дар Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико мо тадбирҳои муассир андешидем, то мардуми мо амнтар бошанд ва аз хатари эҳтимолӣ ба мардуми Амрико пешгирӣ шавад”, – гуфтааст Брайан Фиел.

То замони баррасии комили парванда ва қабули қарори ниҳоӣ дар ИМА боқӣ хоҳад монд. Мақомот маълумот намедиҳанд, ки дар сурати ихроҷ ин шахсро ба кадом кишвар – Тоҷикистон ё Русия – равона хоҳанд кард.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия бенатиҷа анҷомид.

Ба иттилои манобеи боз, теъдоди зодагони Тоҷикистон дар Амрико то 16 ҳазор нафар мерасад, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли гузашта ҳашт зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми алоқа бо гурӯҳи ДОИШ* дар Амрико боздошт шуда буданд. Сарнавишти минбаъдаи онҳо то ҳол маълум нест.

Узвияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ва ҳузури онҳо дар ҳамалаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мақомоти Тоҷикистонро ҳам нигарон кардааст. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар аввали моҳи марти соли 2024 гуфт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон “дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд”.

*Дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...