Дар Тоҷикистон беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифат ошкор шудааст

Дар чор моҳи охир Оҷонсии “Тоҷикстандарт” беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифатро дар дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон ошкор кардаанд. Ин маҳсулот гӯшт, равған, ширинӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан, намак ва ғайра мебошад. Дар ин бора аз Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Мақомот мегӯянд, ки дар 4 моҳи соли 2025 ба миқдори 191,7 тонна маҳсулоти […]

Дар чор моҳи охир Оҷонсии “Тоҷикстандарт” беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифатро дар дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон ошкор кардаанд. Ин маҳсулот гӯшт, равған, ширинӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан, намак ва ғайра мебошад.

Дар ин бора аз Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Мақомот мегӯянд, ки дар 4 моҳи соли 2025 ба миқдори 191,7 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифат ошкор шудаанд.

Маҳсулоти гӯштӣ -11 тонна, равғани растанӣ -1,3 тонна, нӯшокиҳои спиртӣ – 725 литр, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ – 1122 литр, маҳсулоти қаннодӣ – 267 кг, намак – 30 895 кг ва дигар маҳсулот дар озмоишгоҳҳои ин ниҳод ташхис ва ғайристандартӣ ҳисобида шудаанд.

“Қисми зиёди ин маҳсулот воридотӣ ба ҳисоб меравад, ки ғайристандартӣ дониста шуданд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”,-гуфтанд дар ин ниҳод.

Назари худи соҳибкорон вобаста ба ин ҳолат маълум нест. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар ниҳоди манкур ҳам шарҳ надоданд, ки ин маҳсулоти пастсифат чӣ гуна ба кишвар ворид шуда, барои ин кӣ ва чӣ ҷазо гирифтаанд.

Худи соҳибкорон беш аз 84 ҳазору 377 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст, ба оҷонсӣ супоридаанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 1 миллиону 11 ҳазору 801 кг  маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта наздики 500 тонна кам аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.