Тағйирот дар радабандии гаронтарин футболбозони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон

Портали Transfermarkt арзёбии нави нархи футболбозони Лигаи олии Тоҷикистонро ба нашр расонид. “Азия-Плюс” тағйирёбии нархи бозигаронро мавриди таҳлил қарор дод. Дар навсозии радабандӣ (рейтинг)-и ҳозира ҳам поинравии нархи бархе аз пешсафон ва ҳам болоравии босуръати нархи бозингарони ҷавон ба мушоҳида мерасад. Пешсафи радабандӣ нимҳимоятгарии тими “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалилов боқӣ монда, нархи ӯ аз 700 […]

Портали Transfermarkt арзёбии нави нархи футболбозони Лигаи олии Тоҷикистонро ба нашр расонид. “Азия-Плюс” тағйирёбии нархи бозигаронро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар навсозии радабандӣ (рейтинг)-и ҳозира ҳам поинравии нархи бархе аз пешсафон ва ҳам болоравии босуръати нархи бозингарони ҷавон ба мушоҳида мерасад.

Пешсафи радабандӣ нимҳимоятгарии тими “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалилов боқӣ монда, нархи ӯ аз 700 ҳазор то 500 ҳазор евро поин рафтааст. Сабабҳояш ҷароҳат гирифтан ва каме бад шудани вазъи ҷисмонӣ арзёбӣ мешавад. Ҷалилов начандон зиёд гол зада, ба тими мунтахаб даъват нашудааст, лекин дар дастаи худаш бозигари муҳим боқӣ мемонад.

 

Дар навсозии радабандии кунунӣ мавқеи ҳамлагари “Регар-ТадАЗ” Квадво Фримапонг аз Гана ҷолиб аст, ки арзишаш аз сифр то 300 ҳазор евро боо рафтааст. Дар ин мавсим ҳамлагари 23-сола дар 8 бозӣ аллакай 5 гол зада, ду партоби головар анҷом додааст. Дар пирӯзии даста соли гузашта дар Ҷоми Тоҷикистон ва роҳ ёфтани тим ба мусобиқоти Осиё низ саҳми  ӯ арзанда аст.  

Байни бозингарони маҳаллӣ болоравии арзиши Нуриддин Ҳамроқулов аз “Вахш” назаррас аст – аз 200 ҳазор то 350 ҳазор евро. Дар 11 бозӣ ҳамлагар 5 бор тӯбро вориди дарвозаи ҳариф намуда 1 партоби головар иҷро кардааст. Ҳамчунин арзиши нимҳимоятгари 22-солаи “Равшан” Азизбек Ҳайитов низ аз 175 ҳазор то 300 ҳазор евро боло рафтааст.

Ба 10-гонаи гаронтарин футболбозон (ТОП-10) Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 500 ҳазор евро, Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол») ва Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш») –  ҳар кадоме 350 ҳазор евро, Азизбек Ҳайитов («Равшан»), Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ») ва Содиқ Қурбонов («Истиқлол») – ҳар яке 300 ҳазор евро, Табрез Исломов («Истиқлол») ва Евгений Гритсенко («Равшан») – ҳар кадоме 275 ҳазор, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол») ва Шериддин Бобоев («Равшан») – ҳар кадоме 250 ҳазор шомиланд.

 

Нархи 7 футболбози зерин 200 ҳазор евро арзёбӣ шудааст: Азизбек Далиев («Барқчӣ»), Ахтам Назаров («Истиқлол»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Сунатулло Исмоилов («Вахш»), Ҷошуа Акпудже («Истиқлол»), Анани Кваси (КМВА,(ЦСКА) ва Абдураҳмон Нозимов («Равшан»).

Поинравии нархи собиқадори футболи тоҷик Манучеҳр Ҷалилов идома дорад, айни замон он 125 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз 34-солагиаш, ӯ ҳоло ҳам фаъол аст: дар ин мавсим ба дарвозаи ҳарифон ӯ аллакай 3 гол ворид кард.

 

Баракатулло Неъматуллозода («Барқчӣ»), Ҷонибек Шарипов (КМВА (ЦСКА), Фахриддин Ахтамов («Хуҷанд») ва Ризо Деҳқонӣ («Истиқлол») ҳар кадоме 175ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд. Футболбозони боқимонда аз 150 ҳазор евро ва поинтар аз ин нарх доранд.

Навсозиҳо дар Transfermarkt бори дигар таваҷҷуҳ ба футболбозони тоҷикро зиёд карда, акнун ҷараёни гузариши онҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки дар берун аз ҳудуди он низ пайгирӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.